Тақдими беш аз 1000 китоби Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ

Субҳи рӯзи 19-уми майи соли равон дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон вазири корҳои дохилаи кишвар генерал-полковники милитсия  Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо гурӯҳи ҷавонони «Авангард», курсантони Академияи Вазорати корҳои дохила ва ҷавонони фаъоли кишвар вохӯрӣ доир намуд.

Маврид ба тазаккур аст, ки ин вохӯрӣ дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки рӯзи 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, гузаронида шуд.

Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода меҳмони олиқадрро хайрамақдам гуфт ва ба ҳозирон дар бораи бинои нави Китобхонаи миллӣ, имконияту зарфиятҳо, теъдоди китобҳо, толорҳои хониш ва толорҳои конфронсу маҷлисҳо шинос кард.

Дар вохӯрӣ вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода бештар ба масъалаҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои гуногуни ифротӣ, нашъамандиву бемориҳои гуногуни сироятӣ, роҳҳои гумроҳ гардидани ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид намуд, ки зиракии сиёсии хешро аз даст надода, дар пайи омӯзиш бошанд. Вай гуфт, ки ҷомеаи кишвар ба шахсони босаводу донишманд ниёз дорад. Вазири умури дохилии Тоҷикистон як сабаби гаравидани ҷавонон ба созмонҳои ифротиро бехабарии онҳо ва надоштани дониши комил донист. Вай гуфт, ки агар ҷавонон соҳиби фазлу дошиш бошанд, ба хубӣ пай мебаранд, ки ҷойю мақоми онҳо на сафи ифротиҳо, балки ободии ҳамин Ватани ягона аст. 

Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, муҳтавои онро ба ҷавонон шарҳу эзоҳ дод.

Зикр гардид, ки суханронии Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамин дастуру роҳнамоест барои ояндаи дурахшону шукуфоии кишвару миллат.

Дар фарҷом, вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода аз осорхонаи китоб ва толори намоиши китоби Китобхона дидан намуд ва ба махзани Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 1000 адад китобҳои илмӣ, бадеӣ, дарсӣ ва методӣ тақдим намуд.

Фарзонаи МИРЗО