Николай Заболотскийро барои он мехоҳем ёд кунем, ки шефтаи назми форсӣ-тоҷикӣ буд. Ва осори Масъуди Саъди Салмон, Аҳмади Дониш ва Сайидои Насафиро аз тоҷикӣ ба русӣ баргардонида буд.
Заболотский Николай Алексеевич 7 майи соли 1903 дар шаҳри Қазони Русия ба дунё омадааст. Соли 1925 Институти давлатии педагогии Ленинградро хатм кардааст. Заболотский Н. А. муаллифи маҷмўаҳои ашъори «Сутунҳо» 1929, Китоби дуюм «Шерҳо» 1948-1958 мебошад.
Заболотский на танҳо шоири тавоно, балки мутарҷими бомаҳорат низ мебошад. Вай беҳтарин намунаҳои адабиёти халқҳои СССР ва хориҷиро бағоят ҳунармандона ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Аз ҷумла, офаридаҳои Масъуди Саъди Салмон, Аҳмади Дониш ва Сайидои Насафиро ба русӣ гардонидааст.
Заболотский Н. А. 14 октябри соли 1958 дар шаҳри Москва аз олам гузаштааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С. 446.
Муаллиф: А. Горбачевский.
Дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро аз Николай Заболотский метаовнед мутолиа намоед:
Стихотворения и поэмы. – Москва: Современник, 1981. – 376 с.
Стихотворения. – Москва: Детская литература, 1981. – 126 с.
Собрание сочинений в 3-х томах: Столбцы и поэмы 126-1933; стихотворения 1932-1958; стихотворения разных лет. – Москва: Художественная литература. – 1983. – 655 с.
Собрание сочинений в 3-х томах. – Москва: Художественная литература, 1984. – 463 с.
Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ