Раҷаб Мардон – адиб ва журналисти муваффақи кишвар

Аз ҷумлаи очекрнависони маъруфи кишвар аст. Ҳикояҳои хуб ҳам хеле зиёд навиштааст, вале бештар илҳои публистистика ва очерк доштааст. Марди зариф аст, ба ҳаддест, ки кас дар суҳбаташ соатҳо низ нишинад, хастагӣ ҳисс намекунад. Марҳум Имомназар Холназар (журналист ва ҳаҷвнигори муваффақи тоҷик) хушгӯиҳои ӯро дар китобаш ҷо додааст, ки дар фурсати муносиб намунаҳо аз онро ин ҷо мекорем.

Раҷаб Мардон 3 июли соли 1940 дар деҳаи Халқаёри ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Соли 1957 мактаби миёнаи рақами 4 шаҳри Кўлоб ва соли 1962 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонд. Дар рўзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Маориф ва маданият” (феълан “Омўзгор”), “Комсомоли Тоҷикистон” (“Ҷавонони Тоҷикистон”) ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъба фаъолият кардааст. Аз соли 1969 то соли 1971 ҳамчун афсар дар сафи нерўҳои масаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ хизмат кардааст.

Пас аз хизмат муддате вазифаҳои муҳаррирӣ, баъдан ҷонишини сармуҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба ўҳда дошт. Баъдан то соли 1987 ходими калон ва мудири шуъбаи рўзномаи “Тоҷикистони  советӣ” (Ҷумҳурият) буд. Аз соли 1987 то кунун мудири шўъбаи нашриёти  “Адиб” аст. Аз соли 1989 то соли 1994 раиси бахши очерк ва публисистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ҳоло саргарми кори эҷодист.

Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви конфедератсияи байналхалқии журналистон мебошад. 

Ба фаъолияти эҷодӣ аз давраи донишҷўияш пардохта ва дар рўзномаву маҷаллаҳо очерку ҳикояҳои ў ба табъ мерасиданд. Соли 1981 китоби очеркҳои ў ”Мошинсозон” (“Ирфон”), “Бунёдгузорон” (“Ирфон”, 1987), “Дарёи нур” (”Маориф”, 1987) чоп шудаанд. Ва ин асарҳо аз ҳаёт, талоши коргарони корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бунёдгарони корхонаҳои барқи шаҳрҳои Нораку Роғун, нақбсозони Данғара ҳикоят мекунад.

Баъдан асарҳои ў “Марде собит ҳамчу кўҳ” (“Ирфон”, 1984), “Оташи дил” (“Адиб”, 1993), “Дар халқаи занон” (“Пайк”, 1997) нашр шудаанд.

Дар соли 1989 ба узвияти ИН Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Бозчоп аз “Адибони Тоҷикистон”. – Душанбе. – 2002 . – С. 273.

Аз навиштаҳои Раҷаб Мардон дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:

Мардон, Р. Марде  собит ҳамчу кўҳ: Очеркҳо // Ирфон. – 1984. – 223 с.

Мардонов, Р. Марди роҳ: Очерк // Дар оташи ҷанг. –  Душанбе. –  1988. –  С. 125-148.

Мардон, Р. Зинаи сеюми инкишоф: Очерк  дар бораи ГЭС-и Роғун // Бо мавҷи зиндагӣ. – Душанбе. – 1989 . – С. 130-153.

Мардон, Р. Ҳикмати умр: Қисса, ҳикоя, очерк // Душанбе. – 2012. – 488 с.

Мардон, Р. Таппиши дили модар: Ҳикоя //  Комсомоли Тоҷикистон. – 1960. – 3 июл.

Мардон, Р : Очерк // Пионери Тоҷикистон. – 1964. – 13 сентябр.

Мардон, Р. Ҳусни замин: Очерк дар бораи раиси колхози ба номи Ломоносови ноҳияи Фархор  Наҷмиддинов З. // Маориф ва маданият. – 1965. – 14 январ.

Мардон, Р. Саргузашти оддӣ:  Ҳикояи воқеӣ //  Маориф ва маданият. – 1966. – 28 июн.

Мардон, Р. Зикри хайр: Ҳикоя // Маориф ва маданият. – 1968. – 21 сентябр.

Мардон, Р.  Вақташ меояд: Очерк дар бораи директори совхози “50-солагии СССР” ноҳияи Ғарм Бақоев З.  // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 9 январ.

Мардон, Р. Оташи дил:  Қисса // Садои Шарқ. – 1991. – С.8-61.                    

Мардон, Р.  Куштори бехун: Повест // Машъал. – 1993. – № 4. – С. 6-8; №6. – С. 6-8.

Мардон, Р.  Бобои бузург: Ҳикоя // Пионери Тоҷикистон. – 1997. – 12 июн. 

Мардон, Р.  Хандаи кор:  Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2001. – №1-2. – 12 январ.

Мардон, Р. Биҳишти гумшуда: Очерк // Пайёми андоз. – 2001. – 26 июл.

Таҳияи Манижа Раҷабова,
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ