Ҳафтаи гузашта, дақиқан 8-уми сентябр, Далер Назар -ҳунарманди шинохта ва яке аз маҳбубтарин сарояндагони мусиқии поп ба синни шастсолагӣ қадам гузошт. Ва рӯзе баъди шастсолагӣ модари меҳрубонашро ба хок супурд. Мегуфт марги модар ба ҳадде асар гузошта, ки наметавонад ҳарфе бигӯяд. Барои инсон талаф додани азизтарин шахс бори гаронест.
Далер Назаров овозхони машҳури тоҷик 8 сентябри соли 1959 дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар оилаи вазири фарҳанги пешин Меҳрубон Назаров дида ба олам кушодааст. Падари чор фарзанд аст.
Далер дар мактаби мусиқӣ ду сол таҳсил кард. Сароянда, оҳангсоз, ҳунарманди синамо. Хатмкардаи факултаи забони русии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) (1980).
Аз синни 12-солагӣ ба сурудхонӣ шуруъ карда, ба мероси халқ ва асбобҳои миллии мусиқӣ таваҷҷуҳ намуд, маҳораташро сайқал бахшид ва дар эстрадаи тоҷик шеваи нави сарояндагӣ ворид сохт. Соли 1979 суруди «Ҳей Бет», ки зуд шуҳрат пайдо кард, дар филми «Аввалин субҳи ҷавонӣ» садо дод, ки ин аввалин иҷрои Далер Назаров ҳамчун композитори ин филм буд. Дар он лаҳза Далер Назаров аллакай ансамбл дошт.
Гурўҳи Далер Назаров дар озмунҳо ва фестивалҳо иштирок намуда, ғолиби озмунҳо гардид. «Сарви хиромон», «Агар ба гулшан», «Нозукбадан», «Гули бодом дорам», «Ҷон-ҷон», «Суруди некӣ», «Ҷони азизам», «Агар он турки шерозӣ», «Дар фироқи ҷонон», «Зебо ба зебо», «Таронаи дил», «Аз шаршараи мўят», «Духтари деҳқон», «Андулаки лабшакар», «Най», «Маҷнунам кардӣ», «Ёдато» барин таронаҳояш ба сурудҳои мардумӣ табдил ёфта, берун аз Тоҷикистон ҳам садо медиҳанд.
Кино низ дар эҷодаш мақоми махсус дорад, дар филмҳои бадеии «Кумир», «Ишқ ва фалсафа» нақш офарида, барои филмҳои «Ҷавонии субҳи якум», «Кампирҳо», «Падари моҳтобӣ», «Англия», «Парӣ дар роҳ», «Муҷассамаи ишқ», «Ҷаннати аз дастрафта», «Бобо» ва ғайра мусиқӣ эҷод намудааст.
Бозчоп аз Донишномаи Арбобони фарҳанги тоҷик. –2017. – С. 421.
Дар бораи Далер Назаров дар Китобхонаи миллӣ боз метавонед ин матолибро ҳам бихонед:
Қурбонов, М. Ҷонбози дилёб: Яке аз солистони дастаи ҳунарии Далер Назаров // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 8 апрел.
Ҳунарманди тоҷик ғолиби «Сулҳи симурғ» // Баҳори Аҷам. – 2014. – 30 декабр.
Далер Назаров аз шўҳрат, сирри эҷодиёт ва мактабе, ки то ҳол ташкил карда натавонист: Дар бораи кор ва фаъолияти сарояндаи халқии тоҷик Далер Назаров // Чархи гардун. – 2018. – 21 ноябр.
Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд: Ҳунарнамоии Далер Назаров дар толори консертии «Оркестрион»- и Маскав // Чархи гардун. – 2019. – 27 март.
Сафаров, Т. Далер Назаров сукутро шикаст ва аз мухлисонаш хост, ўро дарк кунад: Дар бораи овозхони шинохтаи тоҷик Далер Назаров // Чархи гардун. – 2019. – 31 июл.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.