Дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занон дар рушди илми тоҷик” доир гардид.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова дар сухани муқаддимавии худ гуфт, ки “саҳми зиёиёну олимон дар ҳамаи соҳаҳои қишри ҷомеа зиёд ва назаррас аст.
Мавҷигул зодаву парвардаи якчанд маърифату фарҳангӣ тавоност, ки дар маҷмўъ як тамаддуни мўҳташами умумибашарӣ ва як тамаддуни муаззами исломӣ будаанд. Ў менависад, ки «Орзу дорам, дар диёри бобоям – Баҷоури Покистону дар манзили бибиям – Кашмир, қадам занам ва дар деҳаи хушманзараи Дихори Афғонистон соатҳо истаму ба рўҳи поки аммаи бузургам – Бибироҷуни Қуръонхону Ҳофизхон, роз гўям». Нигоҳи Мавҷигул, ишқу умеду
Агар умр бевафо намебуд Мавҷигул Зардодхонова – ин шоираи ширинсухан ба синни 56 қадам мегузошт. Вале сад ҳайфу дареғо, ки умраш басо кутоҳ буд: ҳамагӣ 48 сол зист. Ва озодаву зебо зист. Тирамоҳ ба дунё омад ва зимистони сард тарки олам кард. Дар ин умри басо кутоҳ аз худ бастаи шеъри ноб ба ёдгор гузошт, ки дар чанд китоб ва маҷмуаҳо дастаҷамъӣ гирд омадааст. Ва гӯё медониста, ки кам мезияд.
Ҳар кӣ будам, ҳарчӣ будам суст ё вологуҳар,
Шеър мегуфтам зи умқи синаи худ пур аз шарар.