Мавҷигул зодаву парвардаи якчанд маърифату фарҳангӣ тавоност, ки дар маҷмўъ як тамаддуни мўҳташами умумибашарӣ ва як тамаддуни муаззами исломӣ будаанд. Ў менависад, ки «Орзу дорам, дар диёри бобоям – Баҷоури Покистону дар манзили бибиям – Кашмир, қадам занам ва дар деҳаи хушманзараи Дихори Афғонистон соатҳо истаму ба рўҳи поки аммаи бузургам – Бибироҷуни Қуръонхону Ҳофизхон, роз гўям». Нигоҳи Мавҷигул, ишқу умеду тахайюлу андешаи ў низ ҷуғрофиёи бовусъат дорад, ки аз ситеғи Помир пар мекушоянд ба шаш сў, ба ҷустуҷўйи гавҳари ҳақиқат, ба фатҳи ношинохтаҳо, ба дарёфтани он нафари ормонӣ, ки дар чакоди камолу таҷаммул қарор дорад ва он нафари соҳибиршод ин раванди ҷовидонаро раҳораҳ ба мақомоти хуҷистаи рўҳонӣ мехонад.
Чӣ озмоишҳои паёпайи равонӣ, чӣ таҷрибаҳои шадиди ботинӣ, чӣ мадду ҷазрҳои ниҳониро пушти сар кардааст Мавҷигул, то андешаҳояшро низом бахшад, ба рўҳаш фазои хос офарад, ҳодии ростинашро дарёбад ва инак, ў тасмим гирифтааст, ҳар суханаш ва ҳар сурудашро хидмати рўҳоният бубахшад. Маҷмўаи ашъори ў «Чашмаи ташна» ин ҳақиқатро бозгў мекунад. Чашмаи ташна сиришти ҷўёву пўёи муаллиф аст, ки бо вуҷуди монои чашма хизонаи сафову анвор будан боз ҳам аз дурдасти ғайб толиби рўшноии улвист. Ростии ин ҳуруфро пораҳои достони «Исёни дилҳо» бурҳон аст.
Мавҷигул дар ибтидои ҷодаи таҷаддуд ва худофаринӣ қарор дорад. Яъне дар коргоҳи хаёл ин матоеро, ки офаридааст, таҳриру таҷаддудхоҳ аст. Ман, ки бо вуҷуди огоҳӣ аз ҳузури Мавҷигул дар ҳалқаи номвару муътабари қаламкашони Бадахшон, мутаасифона, ҳанўз бо шахсияти ў ошно нестам, баъди мутолиаи каломаш чунин дарёфтам, ки ин бону нерўву иқтидори хуфтаи фитратӣ дорад ва чун барномаву сабки зиндагиашро дуруст матраҳ кардааст, дар тариқати мунаввари шеър низ бо мадади Худо тавфиқу камол меёбад.
Ба ин мавҷи гулу зебоӣ, ба ин лаъли шодоби бадахшонӣ, ба ин хоҳари азизи ҳамқалам рўҳи муаззам ва шеъри матни оламтасхир орзу дорам.
Фарзона,
Шоираи Халқии Тоҷикистон
ШАРҲ: Сарсухани Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона дар китоби “Чашмаи ташна”, ки соли 2016 интишор ёфтааст, омадааст. Яъне, баъди панҷ соли реҳлати муаллиф “Истиқбол” иқдом ба чопи ин маҷмуа кардааст, ки муҳаррири он Ҷӯра Ҳошимист. Аммо аз навиштаи Фарзона бармеояд, ки ин дафтари шеъри Мавҷигул замоне омодаи чоп будааст, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буд. Зеро Фарзона дар ин сатрҳои самимӣ аз марги нобаҳангоми ӯ хабар намедиҳад ва бо касе дар гуфтугӯст, ки дар ҳаёт асту эҷод мекунад.
Ин чанд шеър аз Мавҷигул Зардодхонова
Ҳайрати маҳз
Занҳо баҳсу ғайбате доштанд...
Ў базебу шўхчашм аст,
Кинавар не, не бахашм аст.
Тарзи рафтораш базеб аст,
Ҳар гапу кораш базеб аст.
Босафоӣ зинати ў,
Бовафоӣ тинати ў.
Бар касе зўрӣ надорад,
Ё шару шўре надорад.
Болатофат ҳамчу гулҳо,
Боназокат ҳамчу гулҳо.
Бо ҳама хубии одат,
Шў надид аз вай саодат.
Шў паси занҳои дигар,
Рафту се тан ёфт ҳамсар.
Ранҷи бисёре кашид ў,
Рўзи хуш з- онҳо надид ў.
Майли ёри аввалаш кард,
Қисса кўтаҳ, марди номард!....
Баҳс чун дар кори дил буд,
Риштаи ҳаллаш чигил буд?...
Рози дили зани шўхтабъе, ки бадоҳатан шеър мегуфт
Эй ёр, гарчи аз рухат безорам,
Бори ғами бевагӣ намебардорам.
****
Ассалом, эй некмардон,
Некатон медорам аз ҷон.
Маъзарат, мардони беор,
Аз шумо дил гашта безор!
Маъзарат занҳои хушрў,
Ҳолатон чун ҳоли бешў…
Ёр агар ёвар набошад,
Ҳеҷ гап не, гар набошад.
Қиссаи ҳоле, ки гуфтам,
Ҳиссае аз он нуҳкфтам.
Донаи розе, ки киштам –
Ҳиссае аз сарнавиштам.
Розе аз розҳо
Як зани афранг буд устоди кор,
Кимёдон буд ўву номдор.
Пеши мардум эҳтиромаш хуб буд,
Баски кораш ҷумларо матлуб буд.
Олиме аз номдорон ёд кард,
Аҳли маҳфилро аз эшон шод кард.
Номи занро дар миёни олимон
Бурд аммо ў зи ёдаш ноаён.
Мо,ки аз кору гапаш ҳайрон шудем,
Ин суол аз як нафар пурсон шудем.
Гуфт: - Пиндорӣ, ки танҳо зан бахил?
Марди дун аз илми зан гардад хиҷил.
Ў далеле чун асос овардамон,
Пас зи Румӣ иқтибос овардамон:
Гуфт пайғамбар, «Зан бар оқилон,
Ғолиб ояд сахту бар соҳибдилон.
Боз бар зан ҷоҳилон чира шаванд,
З – он ки эшон тунду бас хира шаванд».
Таҳияи Марзия ЗАРДОДХОНОВ