Сухан аз устоди шодравон Сотим Улуғзода, яке аз маъруфтрин адибони садаи бист аст. Ва ҳамзамон аз ҷумла озордидатарин удабои ин қарни тоҷик аст. Зарбаҳои ҷонсӯзе аз низоме хӯрда, ки умре аз он пуштибонӣ мекард. Адибе, ки рафтани фарзандашро хиёнат ба худу Ватану миллаташ қаламдод накард ва то охир ба қарзи падарии худ содиқ монд. Ҳама фишорҳоро таҳаммул кард, вале аз фарзанд рӯ нагардонд.
Дар ғарибӣ ҷон ба ҷонофаринаш таслим кард, вале чун ҳамеша бо ёди Ватан буд, дар
Ҳаштод сол аз таваллуди Мастибек Паллаев, яке аз маъруфтарин ҳунармандони солҳои 70 садаи бистуми тоҷик гузашт. Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев бидуни шак ду нафаре буданд, ки бо сабки хос ба саҳнаи ҳаҷв ворид шуданд. Ин ду тан бо офариниши саҳнаҳои намакини ҳаҷвӣ, таронаҳои ҳаҷвӣ бар ашъори шоирони ҳаҷвнавис шуҳрат ёфта буданд. Аммо умрашон кутоҳ будааст. Ҳарду дар авҷи камолоти эҷодӣ тарки олам карданд...
Саидқул Қурбонов яке аз журналистони собиқадори кишвар аст. Аз ибтидо журналисти радио ва телевизион будааст ва муаллифи чандин тарҳҳои тамошобоб дар шабакаҳои телевизионии кишвар аст.
Саидқул Қурбонов соли 1973 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар радиои тоҷик ба кор шуруъ кард. Зинаҳои муҳаррир, муҳаррири варзида, мудири шуъбаи саноатро паймуд. Аз соли 1982 дар телевизиони тоҷик заҳмат кашид, солҳои 1985-1986 сармуҳаррири идораи иттилоот, 1986-1992 сармуҳаррири идораи пропаганда, 1993-1998 сармуҳаррири идораи иқтисод буд.