Ҳаштод сол аз таваллуди Мастибек Паллаев, яке аз маъруфтарин ҳунармандони солҳои 70 садаи бистуми тоҷик гузашт. Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев бидуни шак ду нафаре буданд, ки бо сабки хос ба саҳнаи ҳаҷв ворид шуданд. Ин ду тан бо офариниши саҳнаҳои намакини ҳаҷвӣ, таронаҳои ҳаҷвӣ бар ашъори шоирони ҳаҷвнавис шуҳрат ёфта буданд. Аммо умрашон кутоҳ будааст. Ҳарду дар авҷи камолоти эҷодӣ тарки олам карданд...
Мастибек Паллаев 10 – уми сентябри соли 1939 дар деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст.
Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Аз соли 1958 дар Ансамбли суруд ва рақси Помир ва аз соли 1960 то охири умраш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ҳоло ба номи Акашариф Ҷӯраев) кор кардааст.
Мастибек Паллаев дар ҳунари эҷодиаш бо тахаллуси Масто машҳур буд. Ҳаҷву танқиди норасоиҳои иҷтимоӣ ва ашхоси алоҳида дар фаъолияти эҷодии Паллаев ошкоро ва оштинопазир буд: симои раисони фориғболу бепарво, майпаррастон, ҷавонони олуфтасатанги корбезор, худписандону мунофиқон, оилабезорону дурӯғгӯёнро хеле моҳирона намоиш медод.
Паллаев дар ҳамкорӣ бо Машрабов чандин саҳнаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳои ҳаҷвӣ ва сурудҳои ширинкоронаи замонавӣ эҷод кардааст. Онҳо жанри ҳаҷвро аслан дар санъати сарояндагӣ (дуэт) ривоҷ медоданд. Саҳнаҳои «Муфаттиш», «Эшон», «Мудири анбор», «Тақсими кор», «Аз мо чӣ ҳосил», «Усто ризо – Масто ризо», «Қалин» ва ғайраҳо аз беҳтаринҳоянд.
Соли 1975 киностудияи «Тоҷикфилм» оид ба фаъолияти эҷодии Устову Масто филме ба номи «Гулдаста» таҳия намуд.
Мастибек Паллаев ширинкори советии тоҷик, бо унвони Артисти Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1974) сарфароз гардидааст.
Мастибек Паллаев 30 – юми январи соли 1984 дар Душанбе вафот кардааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. – Ҷ. 2. – С. 523-524.
Муаллиф: Т. Розиқов.
Дар бораи Мастибек Паллаев ва дӯсти ҳунарманди ӯ Устоқадам Машрабов дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин мтаолибро ҳам бихонед:
Ғанӣ, Б. Ду тани ҳамтақдир: Поси хотири ҳунарпешагон Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев "Усто ва Масто"// Адабиёт ва санъат. – 1990. – 11 январ.
Хушвақтов, С. Ёд бод он рӯзгорон: Мусоҳиба бо раиси комитети ташкилоти "Ёдбуди Усто ва Масто" // Садои мардум. – 1991. – 19 январ.
Назриев, Ҷ. Ба ёдбуди Усто ва Масто: Дар бораи озмуни "Ханда...", ки дар ноҳияи Дарвоз шуд // Дарвози советӣ. – 1991. – 27 феврал.
Исмоилов, Н. Озмуни "Ханда"...: Ба хотири ёдбуди ширинкорони номӣ - Усто ва Масто // Коммунист. – 1991. – 5 март.
Таҳияи Ҳусния Назарова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.