Муаллифи китобе, ки 47 маротиба нашр шудааст
Профессор Ҳилол Каримов миёни мардум чун муаллифи китоби “Алифбо” шуҳрат дошт. Даҳсолаҳо аз “Алифбо”-и срилики ӯ хату савод меомӯхтанд. Аз ҷумлаи забоншиносони матраҳ дар кишвар буд. Омӯзгори соҳибтаҷриба ва даҳсолаҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи миллист, дарси забон омӯхтаст. Аз таваллудаш 110 сол гузашт ва аз вафоташ 33 сол.
Каримов Ҳилол Каримович забоншинос, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон 15 майи соли 1908 дар шаҳри Конибодом дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Собиқадори маорифи халқи РСС Тоҷикистон, соли (1973) профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон (1963), Аълочии маорифи халқи СССР (1972). Дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна се сол (то соли 1932) хондааст.
Шуъбаи тайёрӣ, баъд худи аспирантураи Институти марказии татқиқоти илмии педагогии миллатҳои РСФС-ро хатм кард (1932-1935).
Солҳои 1935-1941 референти комиссари маорифи халқи РСС Тоҷикистон, ходими илмии Институти тадқиқоти илмии мактабҳо буд. Солҳои 1941-1946 дар сафи Артиш хизмат кардаву дар ҷабаҳоти ҷангӣ зидди гитлерчиён ҷангидааст.
Солҳои 1946-1951 ҷонишини вазири корҳои хориҷии РСС Тоҷикистон будааст. Соли 1951 кори дипломатиро ба кори омӯзгорӣ иваз кард ва ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор омад. Ҳамзамон директори ИТИИП (1954-1961) буд. Аз соли 1961 мудири кафедраи забони форсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳилол Каримов муаллифи чандин китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла китоби «Алифбо» буд, ки аз 1933 47 маротиба нашр шудааст, ҳамчунин муаллифи «Забони форсӣ» (барои синфҳои 5-6-и мактабҳои миёна) буд. Баъзе бобҳои китоби «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро навишта, дар тартиб додану таҳрири як қатор луғатҳо иштирок кардааст.
Вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 2), вакили анҷумани 2 умумииттифоқии муаллимон буд.
Бо 2 ордени «Нишони фахрӣ», чандин медал ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ў соли 1985 дар синни 77-солагӣ аз олам гузашт.
Бо каме таҳрир аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – 1981. – Ҷ.3. – С. 248.
Муаллиф: Ф. Хоҷаев
Дар Китобхонаи миллӣ аз профессор Ҳилол Каримов ва дар бораи ӯ метавонед ин китобҳо ва мақолаҳоро хонед:
Алифбо барои соли аввал. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1934. – 68 с.
Алифбо барои мактаби ибтидоии калонсолон. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1936. – 74 с.
Саводомўзӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1937. – 34 с.
Омўхтани савод нишондодҳои методии муаллимони мактабҳои маҳви бесаводӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1938. – 28 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1938. – 70 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1940. – 96 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1941. – 94 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1954. – 96 с.
Алифбо. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1954. – 96 с.
Алифбо барои синфи якум. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик, 1958. – 94 с.
Ёддоштҳои ҳамкорон шогирдон ва дўстон. – Душанбе, 1998. – 62 с.
Қисмати тиллоӣ: Нақли профессор, мудири кафедраи забони форсии Университети давлатии Тоҷикистон дар арафаи Иди Октябр // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 6 ноябр.
Дар бораи профессор Ҳилол Каримов:
Маҷидов, Ҳ. Ҳилол Каримов-Муаллими Нахустини мо. – Душанбе: Маориф, 1982. – 64 с.
Юнусов, А. Ҳилол Каримович Каримов. – Душанбе, 2008. – 60 с.
Маҷидов, Ҳ. Нахустин устод: Дар бораи ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон, дотсент Ҳилол Каримов // Машъал ва маданият. – 1967. – 30 сентябр.
Сидқӣ, А. Калиди дониш: Дар бораи китоби «Алифбо» ва муаллифи он Ҳилол Каримов // Мактаби ибтидоӣ. – 1969. – №1. – С. 36-40.
Манко, Е. Вақте, ки алифборо ба даст мегиред…: Дар бораи эҷодиёти Ҳилол Каримов // Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 24 август.
Маҷидов, Ҳ., Юнусов, М. Муаллими муаллимон: Дар бораи Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷикистон Ҳилол Каримов // Мактаби советӣ. – 1978. – №8. – С. 61-62.
Мирзоев, А., Рауфов, Ҳ. Дар хизмати халқи ватан: Дар бораи доктори илми филология, муаллифи «Алифбо» Ҳ. Каримов // Маориф ва маданият. – 1978. – 23 май.
Сиддиқов, С. Маҳбуби ҳама: Профессор Ҳилол Каримов // Занони Тоҷикистон. – 1982. – №9. – С. 18.
Ҳошимӣ, Ҷ. Барои муаллифи «Алифбо»: Шеър барои Ҳ. Каримов // Пионери Тоҷикистон. – 1982. – 26 декабр.
Обидов, И. Муаллими муаллимон: Ба муносибати 80-солагии Ҳилол Каримов // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 2 июн.
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ