Оре, санъат аст, санъати рақс ва аз санъатҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дар саҳнаи санъати касбӣ рақси “Кордбозӣ” – ро дар солҳои 30-40 асри ХХ раққоси мумтози тоҷик, Артисти Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ғаффор Валаматзода иҷро кардааст. Рақси ў ҳаракатҳои гуногуни кордбозиро дар бар гирифта, илова ба унсурҳои анъанавӣ баъзе навовариҳо дошт. Валаматзода бо ҷаҳиш ба саҳна ворид мешуд ва чанд ҳаракати рақсии ҷанговаронро иҷро намуда, ду кордро аз рўймоли миён берун мекашид.
Кордбозӣ рақси қадимаи ҷанговаронаи мардони тоҷик мебошад. Онро одатан як нафар таҳти навозиши доира ё дастаи мутрибон дар тўю маъракаҳои хурсандӣ иҷро менамоянд. Раққос ду кордро ба дастонаш гирифта, ба онҳо чолокона ҳаракатҳои гуногуни рақсиро анҷом медиҳад. Иҷрокунанда дар ҷараёни рақс нўги кордро гоҳ ба чашмонаш, гоҳ ба рухсораҳояш, гоҳ ба миёнаш ва дигар ҷойҳояш наздик мебарад. Ҳаракатҳо чунон чолокона иҷро мегарданд, ки гўё корд ба ҷойҳои гуногуни рухсора ва баданаш халида истодаанд. Раққос кордҳо дар даст давраро чарх мезанад. Дар маъракаҳои мардумӣ баъди чархзанӣ ў дар якҷо истода, кордҳоро ба нишони муайян мепартофт.
Дар саҳнаи санъати касбӣ рақси “Кордбозӣ” – ро дар солҳои 30-40 асри ХХ раққоси мумтози тоҷик, Артисти Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ғаффор Валаматзода иҷро кардааст. Рақси ў ҳаракатҳои гуногуни кордбозиро дар бар гирифта, илова ба унсурҳои анъанавӣ баъзе навовариҳо дошт. Валаматзода бо ҷаҳиш ба саҳна ворид мешуд ва чанд ҳаракати рақсии ҷанговаронро иҷро намуда, ду кордро аз рўймоли миён берун мекашид. Ў рақсида, саҳнаро давр мегашт, кордҳоро ба якдигар мезад, нўги тези кордро дар пеши рўй нигоҳ медошт, ду дастҳоро кушода, чарх мерафт, кордҳоро ба нишон мепартофт ва ғайра.
Дар ин рақс иҷрокунанда нафақат бо кордбозӣ мекард, балки тамоми баданро ба ҳаракат медаровард. Ў бо маҳорати баланд ҳаракатҳои китфҳо, сару пайкар, зарби пой ва дастҳоро ҷасурона босуръати тез иҷро мекард.
Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 56.
Таҳияи Нилуфар Валиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ