Адиби ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ
Адиби ҷанговар ва ҷангноманавис. Саҳнаҳои ҷангии дидаашро дар калонтарин романҳояш ба риштаи тасвир кашидааст. Дар ҷанг ҳам бо силоҳ ҷангид ва ҳам бо сухан. Аз ҳама навиштаҳояш роман ва повесту ҳикояҳои ҷангиаш пуртаъсиртаранд, чун шоҳиди рӯйдодҳо буд.
Фотеҳ Ниёзӣ 18 апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1929 омўзишгоҳи омўзгорӣ, баъдан Донишгоҳи омўзгории Самарқандро хатм кардааст. Ҳангоми таҳсил ба идораи рўзномаҳои «Ленин йўлӣ» ва «Ҳақиқати Ўзбекистон» ҳамкорӣ мекард. Аз соли 1934 ба Душанбе омада, чун котиби масъули рўзномаҳои «Тоҷикистони Сурх» ва «Газетаи муаллимон» кор кард.
Аввалин навиштаҳои ў дар маҷмўаҳои «Маяк» (1933), баъдтар дар «Таронаҳои рўз» (1937) ва «Муҳаббат» (1939) гирд оварда шудаанд. Минбаъд ў ба эҷоди асарҳои насрӣ ва драмавӣ шурўъ мекунад. Ҳикояҳои «Муҳаббат ба Ватан» (1940), «Офарин» (1940), «Шаб дар сарҳад» (1940), «Пирони диловар» (1941) ва «Чкалов» (1941) аз нахустин падидаҳои насрии нависанда мебошад.
Ў соли 1941 ба ҷанг меравад ва дар муҳорибаҳои Сталинград иштирок карда, баъди вазифаи муовини муҳаррири ҳарбии «Фрунзевец» - ро ба ўҳда мегирад.
Соли 1949 баъди хизмати ҳарбӣ ба Душанбе баргашта, дар вазифаи котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Шарқи Сурх» кор мекунад.
Соли 1953 котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва солҳои 1968-1970 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.
Нависанда очерку ҳикояҳои зиёде офаридааст. Асарҳояш «Вафо» (1949), «Димаи диловар» (1957), «Ҳиссае аз қиссаҳои ҷанг» (1962), «Одамон ва мулоқотҳо» (1964), «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» (1975) ва «Сарбозони бесилоҳ» (1986) ба мавзўи ҷанг бахшида шудаанд.
Нависанда барои романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» соли 1977 ба гирифтани ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ сазовор гардидааст.
Фотеҳ Ниёзӣ чун адиб ва арбоби фарҳанг дар мустаҳкамнамоии дўстии адибони ҷумҳурии Шўравӣ ва хориҷ хизматҳои шоён кардааст. Бо орденҳои «Дўстии халқҳо», «Байрақи Сурхи меҳнат», ду ордени «Нишони Фахрӣ», панҷ медали ҷангӣ ва се Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
1 сентябри соли 1991 аз олам даргузашт.
Аз Фотеҳ Ниёзӣ ва дар бораи ӯ хонандагон дар Китобхонаи миллӣ метавонанд ин асарҳоро бихонанд:
Ниёзӣ, Ф. Ҳиссае аз қиссаҳои ҷанг: Маҷмўа. – Душанбе. – Нашрдавтоҷик, 1962. – 156 с.
Ниёзӣ, Ф. Духтари ҳамсоя: Қисса / Барои бачагони синни калони мактабӣ. – Душанбе. – Нашрдавтоҷик, 1964. – 89 с.
Ниёзӣ, Ф. Вафо: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1966. – К. 1. – С. 391.
Ниёзӣ, Ф. Вафо: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1966. – К. 2. – С. 498.
Ниёзӣ, Ф. Ҷон дар каф гирифта: Ҳикояҳо. – Душанбе. – Ирфон, 1968. – 76 с.
Ниёзӣ, Ф. Қиссаи Димаи диловар / Муҳаррир Ҷ. Каримзода. – Душанбе. – Ирфон, 1971. – 55 с.
Ниёзӣ, Ф. Асарҳои мунтахаб: Қиссаҳо, ҳикояҳо, песаҳо. – Душанбе. – Ирфон, 1974. – 340 с.
Ниёзӣ, Ф. Ҳар беша гумон мабар, ки холист: Роман. – Душанбе. – Ирфон, 1975. – 523 с.
Ниёзӣ, Ф. Сарбозони бесилоҳ: Роман. – Душанбе. – Ирфон, 1986. – 360 с.
Ниёзӣ, Ф. Фоҷиаи Боғистон: Қиссаҳо. – Душанбе. – Адиб, 1993. – 256 с.
Ниёзӣ, Ф. Ҷанг бо кўҳсор: Ҳикоя // Шарқи Сурх. – 1940. – №6-7. – С. 13-20.
Ниёзӣ, Ф. Барои ҳаёт ва осоиштагӣ бар зидди ҷанг ва ҷангҷўён // Шарқи Сурх. – 1951. – №9. – С. 18-20.
Ниёзӣ, Ф. Ҳосил: Очерк // Тоҷикистони советӣ. – 1955. – 22 сентябр.
Ниёзӣ, Ф. Ҳиссае аз қиссаҳои ҷанг: Вохўри бо дўсти фронтиям // Шарқи Сурх. – 1960. – №5. – С. 14-18.
Ниёзӣ, Ф. Ба води нур меборад: Очерк // Тоҷикистон. – 1960. – №4. – С. 17-18.
Ниёзӣ, Ф. Қалам ба теғи бурранда: Ба пешвози конференсияи нависандагони Осиё ва Африқо // Тоҷикистон. – 1961. – №10. – С. 18.
Ниёзӣ, Ф. Сухан дар бораи дўст ва рафиқи ҳамқалам: Ба муносибати 60-солагии зодрўзи Ҷ. Икромӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 14 ноябр.
Ниёзӣ, Ф. Шаҳбози адабиёти мо: Ба пешвози 60-солагии зодрўзи М. Турсунзода // Тоҷикистони советӣ. – 1971. – 19 октябр.
Ниёзӣ, Ф. Солдатҳои хурдсоли ҷанг: Лавҳаҳо аз корнамоиҳои пионерони советӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ // Машъал. – 1978. – №5. – С. 6-7, 12.
Ниёзӣ, Ф. Пахта ва гул: Қисса // Садои Шарқ. – 1991. – №7. – С. 11.
Дар бораи Фотеҳ Ниёзӣ:
Ниёзи, Ф.: Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёт // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1966. – С. 147-150.
Солеҳбоев, Ҳ. Фотеҳ Ниёзӣ // Замон ва одамон. – Душанбе, 1976. – С. 146.
Набиева, Р. Шасти камолот: Дар бораи Ф. Ниёзӣ // Занони Тоҷикистон. – 1974. - №7. – С. 14-15.
Икромӣ, Ҷ. Нависанда – ҷанговар: Ба муносибати 60-солагии Ф. Ниёзӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1974. – 17 май.
Ғамзатов, Р. Сухан аз дўсти ҷанговар: Ба муносибати 70-солагии зодрўзи Ф. Ниёзӣ // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 19 апрел.
Файзулло, И. Занг аз боло: Лаҳзаҳои рўзгори Ф. Ниёзӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1989. – 19 май.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ