Рамазон Абдулатипов, сиёсатмадор ва дипломати шинохта, сарвари Ҷумҳурии Доғистон, сафири пешини Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 11-уми май китоби худ “Халқи тоҷики ман”-ро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард.
Рамазон Абдулатипов, ки ҳамакнун дар раъси як ҳайати баландпоя аз Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз бо масъулини Сафорати Русия, ҷамъе аз донишмандону пажуҳишгарон ва намояндагони васоити ахбори омма вориди Китобхонаи миллӣ шуд