Activities calendar

27 декабря 2018

Шеъри Мавзунҷон ғолиби маҳфили навбатии “Равшандилон”

Баъд аз зуҳри  25-уми декабр дар Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати ҳудудан 15 нафар аъзои доимии Китобхона аз ҷумлаи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд маҳфили навбатии  «Равшандилон»  доир гардид. Дар қисмати аввали маҳфил аъзоёни фаъоли шуъба чистону зарбулмасалхонӣ намуданд.

Қисмати дуюм бошад бошад шеърҳои тозаэҷоди иштирокчиён шунида шуд. Дар ин миён шеъри

Дар Китобхонаи миллӣ ”Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” муаррифӣ шуд

Қабл аз зӯҳри имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Чингиз Айтматов, “Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” (Арӯси абадӣ) баргузор шуд. Китобро нашриёти “Адиб” дар тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат нашр кардааст.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор, Абдусалом Мирализода дар расми

“Бемориҳои кӯдакона” дар Китобхонаи миллӣ

Китоби донишманди маъруфи тоҷик Барот Ҳайдаров “Бемориҳои кӯдакона” дар Китобхонаи миллӣ дастраси хонандагон шуд. Он китоби дарсӣ буда, таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, ватанӣ ва шахсии муаллифро оиди омўхтани бемориҳои кўдакона инъикос менамояд.

Дар он аз нуқтаи назари замонавӣ сабаб, патогенез, патоморфология, клиника, ташхис, ташхиси тафриқавӣ, оризаҳо, табобат, оқибатҳо диспансеризатсия ва пешгирии ҳар як бемориҳои алоҳидаи нозологии кўдакон, аз ҷумла намудҳои фавқуллодаи онҳо пешниҳод шудаанд. Дар китоб хусусан ба саволҳои ташхиси саривақтӣ ва табобати ҳозиразамонаи бемориҳои кўдакона бо назардошти комёбиҳои

Оташаки гумроҳ

Китобест аз нависандаи суннатгарову анъанапарасти Ҷопон, тарафдори урфу одатҳои миллӣ Тэтсуо Миура. Адиби маъруф масъалаҳои муҳими рўз, ки тамоми аҳли Ҷопони даҳсолаи охири асри гузаштаро ба ташвиш оварда буданд, ба миён мегузорад. Оқибатҳои талхи ҷанги дуюми ҷаҳон, аз байн рафтан ё паст шудани деҳоти патриархалӣ, танҳоии одам дар олами сармоя ва ғайра мавзуъҳои асосии новеллаҳои ў ба шумор мераванд.

Эҷоди нависандаи закӣ ва хушзавқи ҷопонӣ воқеӣ буда, мағз андар мағзи он омехтаи фикру андешаҳои инсондўстию одампарастӣ мебошад. Хусусияти нотакрор ё фарқкунандаи