“Бемориҳои кӯдакона” дар Китобхонаи миллӣ

Китоби донишманди маъруфи тоҷик Барот Ҳайдаров “Бемориҳои кӯдакона” дар Китобхонаи миллӣ дастраси хонандагон шуд. Он китоби дарсӣ буда, таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, ватанӣ ва шахсии муаллифро оиди омўхтани бемориҳои кўдакона инъикос менамояд.

Дар он аз нуқтаи назари замонавӣ сабаб, патогенез, патоморфология, клиника, ташхис, ташхиси тафриқавӣ, оризаҳо, табобат, оқибатҳо диспансеризатсия ва пешгирии ҳар як бемориҳои алоҳидаи нозологии кўдакон, аз ҷумла намудҳои фавқуллодаи онҳо пешниҳод шудаанд. Дар китоб хусусан ба саволҳои ташхиси саривақтӣ ва табобати ҳозиразамонаи бемориҳои кўдакона бо назардошти комёбиҳои навтарини илм таваҷҷўҳи махсус дода шудааст.

Китоб аз 11 боб иборат буда, боби аввали он “Неонатология” номида шудааст. Дар боби дуввум хонанда оид ба бемориҳои кўдаконаи сини хурдсол, дар боби сеюм оид ба бемориҳои узвҳои нафас, дар бобҳои баъдӣ дар бораи бемориҳои системаҳои дилу раг ва устухону буғумҳо, бемориҳои системаи хун, узвҳои ҳозима, гурда ва системаи пешоббарор, ҷигар ва роҳҳои талхабарор, бемориҳои ирсии мубодилаи моддаҳо матолиби ҷолиб ва пажӯҳиширо мутолиа мекунад.

Китоб ба теъдоди маҳдуд - 500 нусха дар нашриёти «Маориф» ба табъ расидааст ва барои донишҷўёни муассисаҳои таълими олии тиббӣ, ординаторҳои клиникӣ, магистрҳо, неонатологҳо, духтурони кўдакон ва оилавӣ пешбинӣ шудааст.

Барчаспҳо: