Дар ибтидо бояд ба ин суол посух дод, ки таъриф ва манзури мо аз китоб чист? Оё метавон таҷаммуъе аз матнҳо ва дастнавиштҳоро китоб номид ва ё манзури мо аз китоб ҳамин китоби чопӣ аст, ки имрўз дар ҳар китобхона ва дасти ҳар донишҷўе метавон дид?
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзўъ, қадимтарин китобе, ки дар ҷаҳон ёфт шуда, китобе аст бо таърихи қариб 2500 сол, ки дар яке аз маъбадҳои қадимӣ дар ҷануб ғарби Булғористон кашф гардида ва мутааллиқ ба Атруск (табори ғайри ҳинду аврупоӣ) аст. Гуфта мешавад, ки ин китоб дорои шаш сафҳа аз ҷинси тиллоӣ кубида аст, ки дар Осорхонаи миллии Булғористон нигаҳдорӣ мешавад. Ин китоб бо хат ва системаи