Нусхаҳои муътабари фонди тиллоии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар тўли фаъолияти хеш барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳои илмию адабӣ, ки ҳазорсолаҳо умр доранд, саҳми муносиб гузоштааст. Маҳз бо саъю кўшиш ва таҳқиқотҳои пурарзиши ходимони фидоии Китобхона беҳтарин намунаҳои осори хаттӣ ҷамъоварӣ ва аз нав эҳё шуда, ба ҳайси муқаддастарин арзишҳои волои миллӣ барои шинохти воқеии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва зиндасозиву абадигардонии хотираи пурғановати таърихӣ нақши муҳим бозиданд.

КМТ ҳанўз аз ибтидои таъсис ба масоили гирдоварӣ, таҳқиқ ва тарғиби нусхаҳои хаттӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард. Моҳи майи соли 1933 Пажўҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Комиссарияти маорифи халқии Тоҷикистон ба Китобхонаи Фирдавсӣ аввалин маҷмўи дастхатҳои нодирро интиқол медиҳад ва баъд аз як сол дар сохтори Китобхона Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, ки имрўз махзани асосии нусхаҳои муътабари хаттӣ маҳсуб меёбад, ба фаъолият шурўъ мекунад. Ҳадафи асосии Шуъба, қабл аз ҳама, ҷамъоварӣ, коркард, таҳқиқ, ҳифз ва нигоҳдории нусхаҳои нодири хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ буд. Дар радифи ин иқдоми нек, кормандони шуъба дар созмондиҳӣ ва таҳияи аввалин феҳристу картотекаҳои нусхаҳои хаттӣ кўшиш намуданд. Соли 1953 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ як қисми фонди дастхатҳои Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (3290 нусха, аз ҷумла 1804 нусха дастхат) ба Академияи илмҳои Тоҷикистон интиқол дода шуд ва ин фонд барои таъсиси Пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ замина гузошт. Аз соли 1954 Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар самти ҷамъоварӣ ва дастрас намудани нусхаҳои нодири хаттӣ аз аҳолӣ фаъолияташро идома дод. Масалан, бо ташаббуси яке аз ходимони фидоии соҳаи китобдорӣ, ки беш аз ним аср вазифаи мудири Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири КМТ-ро ба уҳда дошт, устод Абдуллоҷон Юнусов дар радифи дигар намунаҳои беҳтарини осори ниёгон, дастхатҳои нодир, аз қабили «Таърихи Фирўзшоҳ»-и Зиёи Баранӣ (асри XIV), «Хамса»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (асри XV), «Решаҳот»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (асри XVI), «Нигористон»-и Ҷувайнӣ (асри XVI), «Лавомеъ-ул-асрор»-и Аллома Қутбиддини Шерозӣ (асри XVI), «Ҷодат-ул-ошиқин»-и Ҳусайни Хоразмӣ (асри XVI), «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (асри XVI) аз аҳолӣ ҷамъоварӣ ва ба фонди тиллоии Китобхонаи миллӣ ворид карда шуданд.

Имрўз дар фонди тиллоии Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон 26576 нусха китобҳои нодир, ки мутааллиқ ба асрҳои XII–XIX мебошанд, ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд. Аз ин ҳисоб 2476 нусхаро дастхатҳо, 21430 нусхаро китобҳои чопи сангиву муосир ва 2670 ададро нусхаҳои хаттии электронӣ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, «Таърихи Табарӣ»-и муаррихи маъруфи асри Х Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (асрҳои XIII -XIV), «Ҳандаса»-и Хоҷа Насриддини Тўсӣ (асри XV), «Эҳёи улуми дин»-и Абуҳомид Муҳаммад – ал –Ғаззолӣ (асри XV), «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ (асри XVI), «Девон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (соли 1526) ва маснавии ў «Юсуф ва Зулайхо» (соли 1571), «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ (асри ХVI), «Хамса»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (асри XVII), «Рисолат-ул-азҳавия»-и Абўалӣ ибни Сино (асри ХVII), «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ (асри ХVII), «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир (асри ХVII), «Ҳидояи шариф»-и Бурҳониддин Алӣ ибни Абубакри Марғелонӣ (асри XVII), «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ва дигар осори муътабар, ки марбут ба соҳаҳои гуногуни илм мебошанд. Ин нусхаҳои хаттӣ ҳамчун мероси гаронмояи миллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти изоми махсуси ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ қарор доранд.

Яке аз муҳаққиқоне, ки чанд муддат дар таҳқиқу феҳристнигории нусхаҳои хаттӣ саҳм гирифта буд, андешаҳои хешро перомуни захираи Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин баён намудааст: «Дар давоми кор ки хеле дақиқ сурат мегирад, чашмам ба нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои пурарзиш ва нодире меафтад, ки метавон гуфт дар зоти худ ягона ва мунҳасир ба фард ҳастанд. Дар воқеъ он нуктаи равшан ва воқеияти ҳол бори дигар ба субут мерасад, ки миллати сарбаланд ва фарҳангсолори мо чи асолати тоърихиеро ба душ дошта ва чи сарвати бебаҳои илму донишро нисори оламиён намудааст. Бе муболиға мегўям, ки дар ин хазинаи бебаҳои миллат яъне нусхаҳои хаттӣ, дар тамоми мавзўот метавон маводи хонданӣ ва таҳқиқотӣ пайдо намуд, аз қабили мантиқ ва фалсафа, илми балоғату баён, сарфу наҳв, таърих ва тамаддун, шеъру адаб, ахлоқ ва русум, рисолаҳо дар бораи шаҳрсозӣ, боғкорӣ, кишоварзӣ, хонаву манзил, рисола дар бораи тайёр намудани таомҳо, дар бораи шикор ва асноду васиқаҳои амлок, қазовату додгоҳӣ ва насбу азли волиён ва ҳокимон ва садҳо мавзуоти рўзмарраи зиндагии башарӣ, ки то ҳоли ҳозир қиммат ва арзишҳои илмӣ, таърихӣ ва мадании худро аз даст надодаанд. Боиси таассуф ва хиҷолат аст, ки ин ганҷи бебаҳо мавриди истифодаи оммаи мардум қарор нагирифтааст, ба ҷуз чанд нафар пажўҳанда ва ба истилоҳ муҳаққиқоне, ки меоянду бархе ин дастнависҳоро варақ мезананд ва матн ё мазмуни мавриди назарашонро барои иқтибос дар корҳои ба истилоҳ илмиашон рўнавис мекунанду мераванд. Зимни баррасӣ ва бознависии нусхаҳои қадима якчанд рисола ва китобҳои пурарзишеро мушоҳида кардам, ки банда аз мутолиаи андаки онҳо дар худ ҳаяҷону шефтагӣ ва тааҷҷуби амиқи қалбӣ эҳсос кардам, азбаски ин нусхаҳо аз нигоҳи ман қадимтарин намунае аз таърих, тафсир ва аз ҳама муҳим забони ширину мавзуну гуворои тоҷикӣ буданд. Ман бо қотеъият ва итминони комил мегўям, ки чашми муҳаққиқе, забоншиносе ва ё муаррихе бар ин китобҳо  наафтодааст ва агар ҳам боре дидаанд, таваҷҷуҳи зарурӣ накарданд».

Асоснокнамоӣ ва муайянсозии вижагиҳои хоси нусхаҳои хаттӣ ҳамчун мабҳаси (объекти) фаъолияти библиографӣ яке аз масоили мубрами илми библиографишиносӣ буда, таваҷҷуҳи олимони зиёди риштаро то ба имрўз ба худ ҷалб кардааст. Таърихи китобноманигории нусхаҳои хаттӣ ба пайдоиши уассисаҳои махсуси нигоҳдории нусхаҳои хаттӣ робитаи ногусастанӣ доранд. Фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи нусхаҳои хаттӣ барои тавлиди китобшиносиҳо замина ба вуҷуд оварданд. Бахусус, бо мақсади қонеъ намудани эҳтиёҷоти мухталифи иттилоотии мутахассисон, бавижа ховаршиносон номгўи нусхаҳои хаттӣ тавассути намудҳои гуногуни китобшиносӣ, аз қабили феҳристу картотекаҳо, китобномаҳо, поённомаҳо, хулосаҳо мавриди тарғиб қарор гирифтанд. Аввалин манобеи библиографӣ роҷеъ ба нусхаҳои хатии тоҷикӣ-форсӣ ҳануз дар асри ХVIII ба вуҷуд омада буд. Новобаста аз мавҷудияти манобеи зиёди библиографӣ то солҳои 50-уми асри XX нусхаҳои хаттии бештари китобхонаҳо номнавис нашуда буданд. Маҳз, баъди солҳои 50-уми асри гузашта бо кўшишу эҳтимоли олимон, бавижа ховаршиносон масъалаи бунёди дастурҳои библиографии бузургҳаҷм ба миён омад. Дар ин кори хайр саҳми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, бахусус Академияҳои илмҳои Русия, Тоҷикистон, Ўзбекистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва китобхонаҳои миллии Русия (Санкт-Петербург) ва Тоҷикистон хеле назаррасанд. Аз ҷониби ин муассисаҳо теъдоди зиёди феҳристу китобномаҳо оид ба нусхаҳои хаттӣ таҳия ва ба табъ расиданд. Аз ҷумла, Кормандони Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи Фирдавсӣ дар радифи ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории ганҷи ниёгон, чиҳати тарғибу ташвиқи онҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда 3 ҷилди «Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ-форсии Китобхонаи Фирдавсӣ»-ро (1971, 1978, 1983) таҳияву нашр карданд. Ҷилди аввал доир ба 132 номгўи дастхатҳое, ки аз нигоҳи мазмун бисёрсоҳа мебошанд, маълумот медиҳад. Ҷилди дуюм 72 дастхатҳои соҳаи тибро фаро мегирад. Дар ҷилди сеюм 95 нусха осори 15 шоир номнавис шудааст. Илова бар ин, аз ҷониби кормандони Шуъба «Феҳристи дастнависҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (дар ҳамкорӣ бо китобшиноси Эрон устод Алии Баҳромиён иборат аз се ҷилд бо хати арабиасос таҳия гардид ва ҷилди аввал соли 2001 дар шаҳри Қуми Эрон ба табъ расид ва доир ба 651 номгўи дастнависҳо маълумот медиҳад), дастурҳои библиографии «Рўдакӣ» (дар 3 ҷилд), «Абдурраҳмони Ҷомӣ» «Аҳмади Дониш», «Ҷалолиддини Балхӣ», «Носири Хусрави Қубодиёнӣ», «Китобшиносии Фирдавсӣ ва «Шоҳнома», «Таърихи забоншиносии тоҷик» (дар 2 ҷилд) ва китобномаҳои шарҳиҳолии як зумра олимони шинохтаи Тоҷикистон таълифу таҳия ва нашр шуданд. Ҳамзамон доир ба осори хаттии шоирони ҷудогона, аз қабили китобномаҳои «Дастнависҳои Ҳофиз дар Китобхонаи Фирдавсӣ», «Феҳристи рўйхати дастнависҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ» таҳия гардидаанд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо олимони Пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушода» – Бунёди мадади Тоҷикистон тавассути татбиқи лоиҳаи «Феҳристнигории электронии дастхатҳо» 500 номгўи дастхатҳо, аз ҷумла 150 номгўи дастхатҳои Китобхонаи миллӣ номнавис шуданд.

Феҳристнигории суннатӣ ва электронии нусхаҳои хаттӣ идома ёфт. Рўйхати дастхатҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон (600 номгўй) дар 3 шумораи маҷаллаи «Китобдор» (№2(6) 2009, №1(7) 2010, №2(8) 2010) низ ба табъ расид ва матни электронии он тавассути bew-сайти Китобхона   ба хонандагони ватаниву хориҷӣ пешниҳод шуд. Рўйхат дар асоси дафтари ба қайдгирии дастхатҳо таҳия шуд ва 5 унсури библиографиро фаро гирифт: рақами инвентарии дастхат; номунасаби муаллифи дастхат ва котиб; унвони дастхат; соли китобати дастхат бо солшумории ҳиҷрӣ ва мелодӣ; бо кадом забон нигошта шудани дастхат.

Имрўз кормандони Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир барои бунёди фонди электронии дастхатҳо ва китобҳои нодир қадамҳои устувор гузошта, аз ҳисоби рақамигардонии нусхаҳои хаттии худи китобхона ва манобеи электронии китобхонаҳои мамолики хориҷ (тибқи созишномаҳои ҳамкорӣ) пайваста захираи дастхатҳои электрониро такмил медиҳанд. Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дорои толори махсус ва феҳристи алифбоии чопиву электронӣ мебошад. Беш аз 2000 дастхати нодир рақамӣ гардонида шуд ва мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифтаанд.

Дар радифи ҷамъоварӣ, коркарди илмӣ, феҳристнигории нусхаҳои хаттӣ роҷеъ ба мазмуну муҳтаво, вижагиҳои нигориш ва арзиши илмиву таърихии дастхатҳо силсилаи мақолаҳои муҳаққиқону кормандони Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхона дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ дарҷ ёфтанд. Аз ҷумла, доир ба ин масоил дар саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ силсилаи мақолаҳои Абдуллоҷон Юнусов таҳти унвонҳои «Бозёфти пурарзиш» (с.1958),«Ганҷинаҳои камёб» (с.1959), «Китоб сарчашмаи дониш» (с.1959), «Ёдгориҳои хаттӣ» (с.1960), «Садои таърих» (с.1961), «Махзани дастхатҳои шарқӣ» (с.1961), «Дастхатҳои қадима бозёфт шуданд» (с.1962), «Тўҳфаҳои гаронбаҳо» (с.1964), «Дастнависи нодир» (с.1966), «Аз қаъри асрҳо» (с.1967), «Дастхатҳои қадима» (с.1968), «Бозёфти нодир» (с.1969), «Баъд аз се аср» (с.1970), «Дастнависҳои  девони Ҳофиз» (с.1971), «Дастхатҳои Абдураҳмони Ҷомӣ» (с.1974), «Ганҷинаи дастхатҳои Шарқ» (с.1975) ба табъ расиданд, ки роҷеъ ба таърихи пайдоиш, муаллифону мураттибон ва китобат шудани нусхаҳои хаттӣ маълумоти муайяну мушаххас медиҳанд. «Мақолаҳои дар ин мавзў иншо сохтаи олим (А. Юнусов –Ш. К) диққати уламои зиёдеро ба худ ҷалб сохта, дар омўзишу таҳқиқи васеи таърихи фарҳанг, адабиёти форсу тоҷик, зинаҳои гуногуни рушду такомули ақоиди иҷтимоӣ – фалсафии тоҷикон мусоидат кардаанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки аксари нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои нодири мавҷудаи китобхона дар таҳияи рисолаҳои илмӣ, матнҳои илмиву оммавӣ, алалхусус, матнҳои интиқодӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд».

Дар тўли солҳои 1991-2010 доир ба фаъолияти Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхона дар саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ 153 мақола ба табъ расидааст. Соли 2011 аз Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии вилояти Суғд ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон 308 номгўй китобҳои нодир, аз ҷумла 109 нусхаҳои хаттӣ ва 199 нусхаҳои чопи сангӣ интиқол дода шуд. Нусхаҳои воридшуда аз ҷониби мутахассисони КМТ мавриди ташхис қарор гирифтанд. Ташхис нишон дод, ки бештари нусхаҳо то замони ба КМТ ворид шудан мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор нагирифтаанд ва тибқи қоидаҳои китобноманигорӣ нодуруст номнавис ва ба расмият дароварда шудаанд. Ва нусхаҳое низ мавҷуд буданд, ки бо истиснои ишораи «дастхат» ва ё «чопи сангӣ» дигар маълумоте оид ба онҳо, аз қабили унвони асар, муаллиф, замону макони китобат шудани нусхаҳои хаттӣ, навъи хату қоғаз, котиб, хаттот ва ё шахси рўйнавискунандаи онҳо, вуҷуд надоштанд.

Аз ҷумла, чунин нусхаҳо бори нахуст баъд аз ташхиcу коркарди илмӣ бо унвони аслиашон ва муаллифонашон номнавис ва гурўҳбандӣ карда шуданд: «Мақосиду- л-авлиё» (асри XVI), «Рисола дар мантиқ ва ақоид» (асри XVII), «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ (асри XVII), «Тафсири Яъқуби Чархӣ»-и Мавлоно Яъқуби Чархӣ (асри XVIII), «Юсуф ва Зулайхо»-и Алишери Навоӣ (асри XVIII), «Ал-ҳидоя»-и Бурҳониддини Марғинонӣ (асри XVIII), «Девон»-и Мирзо Абдулқодири Бедил (соли 1809), «Шарҳ-ул-виқоя»-и Убайдуллоҳ ибни Масъуд (соли 1861) ва ғайра.

АДАБИЁТ:

1. Навид, М. Рисолаи шашмақом // Китобдор. – 2010. – №2 (8). – С.
2. Раҳимов, А. Олим, китобшиносу библиограф ва омўзгор // АбдуллоҷонЮнусов: Маҷмўаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб Ҷ. Раҷабов; Муҳаррири масъул Ш. Тошев. – Душанбе: Эҷод, 2007.

Муаллиф Шариф Комилзода
Баргирифта аз маҷаллаи
“Паёмномаи фарҳанг”,
№ 1 (29), соли 2015