Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ ягона нусхаи «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр»-и Герман Вамбери нигаҳдорӣ мешавад, ки соли 1873 дар Санкт-Петербург чоп шудааст.
Бухоро, пойтахти қадимаи илм, фарҳанг ва гаҳвораи дониш буда, дар масири таърих муқаддимаи асарҳои таърихӣ ва мавриди омўзишии яке аз қитъаҳои шашгонаи олам – Осиёи Миёна, гаштааст. Доир ба ин шаҳри таърихӣ ва пойтахти Давлати Сомониён - шаҳри Бухоро аз ҷониби олимону сайёҳон ва умуман аҳли қалам таҳқиқотҳои зиёде сурат гирифтааст.
Китоби «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр» (История Бохары или Трансоксании) яке аз асарҳои нодир ва қадима дар риштаи илми таърихи тоҷикон ва сарчашманигорӣ ба ҳисоб рафта,