Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ ягона нусхаи «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр»-и Герман Вамбери нигаҳдорӣ мешавад, ки соли 1873 дар Санкт-Петербург чоп шудааст.
Бухоро, пойтахти қадимаи илм, фарҳанг ва гаҳвораи дониш буда, дар масири таърих муқаддимаи асарҳои таърихӣ ва мавриди омўзишии яке аз қитъаҳои шашгонаи олам – Осиёи Миёна, гаштааст. Доир ба ин шаҳри таърихӣ ва пойтахти Давлати Сомониён - шаҳри Бухоро аз ҷониби олимону сайёҳон ва умуман аҳли қалам таҳқиқотҳои зиёде сурат гирифтааст.
Китоби «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр» (История Бохары или Трансоксании) яке аз асарҳои нодир ва қадима дар риштаи илми таърихи тоҷикон ва сарчашманигорӣ ба ҳисоб рафта, дар худ қимати баланди илмиро маҳфуз медорад. Муаллифи асари мазкур Герман Вамбери буда, асари мазкурро А.И.Павловский ба забони русӣ тарҷума намудааст ва он соли 1873 дар Санкт-Петербург дар матбааи «Скарятина» ба нашр расидааст.
Асари зикршуда аз ду ҷилд иборат аст. Ин ҷо мо тасмими гирифтем ҷилди аввали онро муаррифӣ намоем. Ҷилди аввал дар бораи Мовароуннаҳр ва Бухоро буда, доир ба таърихи солҳои 600-ум то соли 1500-уми Бухоро ва Мовароуннаҳр маълумот медиҳад.
Муаллиф маълумотҳои дар ин асар овардаашро дар такия ба асарҳои дастнависшудаи шарқ, асоснок менамояд. Ў баъзе аз ин асарҳои дастнависро дар муқаддимаи ҷилди аввали ин китоб муаррифӣ мекунад. Хусусан, китобҳои дастнависи “Таърихи Табарӣ ” (Наршахӣ ), “Таърихи Байҳақӣ”, “Зафарнома” (Шарофиддин Алӣ), “Таърихи Нодиршоҳ” (Мирзо Муҳаммади Меҳдихон), “Шайбонинома” (нашри Березин) ва ғайраро дар муқаддиами ҷилди аввали китоб овардааст.
Хонандагони муҳтарам метавонанд дар бораи сарчашмаҳои дастнавис, ки муаллиф ҳангоми таҳияи ин асар истифода бурда, ҳамзамон онҳоро шарҳу тавзеҳ додааст, аз муқаддимаи аввали ин китоб маълумоти бештар гиранд.
Китоби «Таърихи Бухоро ва ё Мовароуннаҳр» бо хати крилии пеш аз инқилобӣ навишта шуда, мазмунан ба забони русӣ мебошад. Китоб аз ду муқаддима ва 12 боб иборат аст. Муқаддимаи аввали китоб маълумоти мухтасар дар бораи муҳтавои асар ва 11 асари дастнавис ироа менамояд.
Дар аввали муқаддимаи дуюм доир ба маънои калимаи Мовароуннаҳр сухан рафта, муаллиф менависад, ки Мовароуннаҳр аз калимаи арабӣ дар байни ду наҳр ҷойгир будан, тарҷума мешавад. Инчунин роҷеъ ба қайдҳои географии қадима ва замони ҳозираи (замони ҳаёти муаллиф) Мовароуннаҳр, мавқеи ҷойгиршавии Мовароуннаҳру Бухоро ва иқлими ин минтақаҳо маълумот дода мешавад.
Барои маълумоти бештар гирифтани хонандагон доир ба ин асари арзишманд мо номгўи бобҳо ва ё мавзўоте, ки дар мундариҷаи асар дарҷ шудаанд, пешкаш мекунем.
Ба таваҷҷуҳи доираи васеъ хонандагон, аз ҷумла татқиқотчиён, донишҷўён ва унвонҷўёни соҳаи таърих ва сарчашманигорӣ расонида мешавад, ки китоби мазкур айни замон танҳо як нусха дар фонди Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери рақами 71650 (рақами инвентарии китоб) нигоҳдорӣ мешавад.
Олимону муҳаққиқон ва ихлосмандон барои ошнои пайдо кардан бо ин асар, мутолиа ва ё истифодаи он дар корҳои илмиашон метавонанд ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Сайзароб Надиров,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон