Китобҳои хурд: аз дирӯз то имрӯз

Холиқи китоб муаллифи он
ва холиқи сарнашти китоб
ҷомеа аст
Виктор Гюго

Дар таърихи чопи китоб, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, китобҳои бузургу кӯчак зиёд интишор шудаанд. Сарчашмаҳои торихӣ калонтарин китоби оламро “Кодекси Гигас” номидаанд, ки як маҷмуъи қонунҳои дастинавишта дар аввали асри  XIII мебошад. Баландии ин китоб 92 сантиметр, дарозиаш 50, ғафсии он 22 сантимерт ва вазнаш 75 килост.

Аммо хурдтарин китоб оламро “Хамелион”-и Антон Чехов меноманд, ки соли 1996 дар шаҳри Омски Русия чоп шудааст. Андозаи ин китоб 0,9×0,9 миллиметр буда, аз 30 саҳифаи ёздаҳсатрӣ ва се ранги ороишӣ иборат аст. Китоб ҳамагӣ 50 адад бо забони русӣ ва 50 нусхаи дигар бо забони инглисӣ чоп шудааст.
Аммо соли 2013 хабари дигар паҳн шуд. Дар Ҷопон хурдтарин китоби олам, ки муддаии китоби рекордҳои Гиннес мебошад, чоп шудааст ва он якҷо бо заррабин 305 доллар фурӯхта мешавад.  
Дарозии саҳифаҳои он 0,75 миллиметр аст. Онро наметавон бидуни пурбин, бо чашмони оддӣ ва ҳатто айнак мутолиа кард. Аз ин рӯ ноширон барояш заррабини махсус ҳам қаблан сохтаанд. Китоб “Гулҳо барои ҳар фасл” ном дорад ва дар 22 саҳифа тавонистаанд тасвири сиёҳу сафед ва рангаи гулҳоеро, ки дар Ҷопон мерӯянд, интишор диҳанд. Андозаи ҳарфҳои онро 0,01 миллиметр гуфтаанд. Китобро нашриёти Toppan Printing  чоп кардааст, ки гуфта мешавад аз соли 1964 саргарми интишори китобҳои хурдтарин аст.  
Тибқи стандартҳо ё меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ китобҳои миниатюрӣ ҳамон китобҳое мебошанд, ки на калонтар аз 76 миллиметр мебошанд.
Аввалин китобҳои миниатюриро дар асрҳои миёна пайдо кардаанд, ки шакли дастнавис доштанд. Аксари ин гуна китобҳо тўҳфаҳои гаронарзишанд. Аз сӯйи дигар санъати бою рангини чопи китобро ба намоиш мегузоранд. Яъне, башар аз қадим майл дошт роҳеро биҷӯяд, ки китобро дар ҳаҷми хурд интишор диҳад. Вале китобҳои миниатюрӣ аслан барои фурӯши оммавӣ нестанд, нашрашон маҳдуд ва бештар чун туҳфа эҳдо мешаванд.
Вале таърих китобҳоеро ҳам ёд дорад, ки ҳаҷмашон хурд ва бо теъдоди зиёд нашр шудаву барои омма фурӯхта шудаанд. Инҳо бештар китобҳое мебошанд, ки дар киса метавонанд ҷой шаванд.
 Усулҳои чопи китобҳои миниатюрӣ низ гуногунанд – аз китобҳои дастнавис, то чопи рақамии ҳозиразамон. Барои тасвир ва ҷилдбандии китобҳои мазкур аз қоғази мармарин то пўсти мор, аз дарахт то нуқра истифода шудааст. Баъзе аз ин китобҳо саҳифаҳои зарҳалӣ доранд, ки ба назар мерасад бо оби тилло онро оро додаанд.
Бо гузашти замон чопи ин гуна китобҳо низ содатар шуданд, рушди техникаи чопи китоб ба он мусоидат кард, ки дар ҳаҷми хурд ҳам инсон заковати ороиширо истифода кунад ва кӯшиш намояд онҳоро хеле назаррабо ва ҷолибу хонданӣ ва диданӣ ба нашр расонад.  
Намунае аз хурдтарин китобҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ вуҷуд доранд, ки онҳо дар Шуъбаи депозитарӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
То ба имрӯз теъдоди ин гуна китобҳо 1181 адад буда, аз ин 520 адади он китобҳои адабӣ, ё худ асарҳои шоирону нависандагони машҳури олам мебошанд.  243 китоб забоншиносист, 357 адад таърихнигорӣ ва теъдоди хеле ками онҳо (61 адад) ба соҳаҳои тибб, саноат, ҳуқуқ ва ғайра ихтисос ёфтаанд.  
Аз ҷумлаи китобҳои хазинаи депозитарӣ асарҳои нобиғаҳои олами адаб, А.С.Пушкин, А.Делвиг, Л.Н.Толстой, Г.Т.Шевченко ва ғайра мебошанд, ки онҳоро солҳои гуногун ноширони мухталиф интишор додаанд. Ин китобҳо бидуни шак арзиши илмӣ-таҳқиқотӣ ва омўзишӣ доранд.  
Бомаврид аст зикр кунем, ки  хусусияти тасвири библиографии китобҳои нодир аз чопи китобҳои ҳозира аз он иборат аст,ки тамоми маълумотҳо оиди китобҳои нодир дар раванди тасвир инъикос мешаванд. Аз ҷумла: рақами инвентарӣ, забони китоб, муаллиф, мухтасар дар бораи осори илмӣ ва адабии муаллиф, мундариҷаи мухтасари китоб ва хусусиятҳои он, нуқсони китоб, ороишҳои дохили китоб, ҷой ва таърихи нашр, ҳаҷми китоби миниатюрӣ ва миқдори саҳифаи он.
Бахше аз ин китобҳо, ки дар расм ҳам мебинед, дар шуъба ҳамешагӣ дар намоиш гузошта шудаанд.


Наботбегим Каримова
Сардори шуъбаи нигаҳдории депозитарии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон