Ҳар фасли сол зебогии ба худ хос дорад. Аз ҷумла зимистон низ. Ҳарчанд солҳои охир мо барфи онро пазмон мешавем, вале чун меборад, он пазмониро мебарад. Зеби зимистон барфи он аст, чунонки зеби баҳор борону гулу сабзаи он аст. Зеби зимистон бистари барфии замин аст, ки барои кӯдакону наврасон шодии беҳад меорад. Ва ин тифлонанд, ки ҳамасола омад-омади онро интизорӣ мекашанд. Вале ихтиёри табиат на дар дасти инсон аст. Мо наметавонем барфро гӯем бибору он борад ва боронро бигӯем исту он қарор гирад. Вале зимистонро ҳам мисли баҳор пазмон мешавем.
Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон маҳфили навбатии «Дастони моҳир» дар мавзуъи тасвири зимистон баргузор шуд. Ин маҳфил дар охирин рӯзҳои таътили зимистонаи мактаббачагон гузашт ва мураббӣ хост, то ширкаткунандагон аз назари худ манзараи зимистонро офаранд.
Муаллима дар оғоз дар бораи фасли Зимистон барои бачаҳо маълумоти пурра дод. Миёни онҳо табодули афкор сурат гирифт ва ҳар кас донистаҳои худро дар бори ин фасли зебои сол баён медошт. Касоне, ки медонистанд, бораи фасли зимистон шеърҳо кироат намуда, сипас ба сохтани манзара шуруъ намуданд. Барои сохтани чунин манзара аз маводҳои конселярии картон, коғази сафед, ширеш ва дигар маводҳо муҳайё гардиданд ва хонандагон аз онҳо истифода карданд.