Суҳбат ва даъват

Чунин аст ҳадаф аз рафтан ба мактабҳо ва дидор бо хонандагону устодон, ки барои кормандони Китобхонаи миллӣ як анъана шудааст.

Кормандони шуъбаҳои кӯдакон ва наврасон ва рисолаҳои илмӣ зуҳри дирӯз, 17-уми май вориди мактаби таҳсилоти умумии рақами 49 ноҳияи Фирдавсии пойтахт шуданд ва бо устодону шогирдон дар мавзуъи китоб ва китобхона суҳбат анҷом доданд.

Ин мулоқот дар доираи барномаи “Даъват ба Китобхона” сурат гирифт, ки аз нимаи дуюми соли 2016 идома дорад. Ҳадаф роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни донишомӯзон ва ҷалби онҳо ба Китобхона мебошад.

Кормандони китобхона ҳам бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ҳам болоӣ ҳамсуҳбат шуданд.  

Назира Толибова, сардори Шуъбаи кӯдакон ва наврасон дар бораи таърихи Китобхонаи миллӣ, бинои нави он, толорҳои хониш, шароитҳои хуби мутолиа дар ин толорҳо, маҳфилҳо барои кӯдакону наврасон ҳарф зад.

Вай аз ҷумла гуфт, ки толори хониши кӯдакон танҳо толоре нест, ки китоб хонанд, дар ин ҷо хонандагон метавонанд аъзои ҳар маҳфил бошанд ва корҳои эҷодӣ кунанд, аз компутерҳо истифода баранд ва китобҳои электрониро низ бихонанд.

Неъматулло Шамсов, корманди Шуъбаи рисолаҳои илмӣ доир ба курсҳои забономӯзӣ ва бартарии онҳо аз курсҳои дигар, марказҳои кишварҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ ҳарф зад.

Баъдан миёни меҳмонон ва мизбонон табодули афкор сурат гирифт ва хонандагон ба ҳама суолҳои худ посухҳои зарурӣ ва қаноатбахш дарёфт карданд. 

Қарор аст рӯзҳои наздик гуруҳе аз ҷумлаи хонандагони ин мактаб ба Китобхонаи миллӣ оянд ва бо шароитҳои он аз наздик шинос шаванд.