“Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики “открытых дверей”

“Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики “открытых дверей”
Чунин ном дорад монографияи дигари пажуҳишгари маъруф Зафар Сайидзода, ки соли 2015 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.
Ҳамчуноне аз номаш пайдост, муаллиф ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи ташаккули сиёсати хориҷии он ва вижагиҳои “сиёсати дарҳои кушод” –ро ба риштаи тасвир кашидааст.
Зафар Сайидзода менависад, ки мураккабии ташаккули сиёсати хориҷии кишвар баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар соли 1993 дар он буд, ки аз варақи тоза шуруъ гардид. Тоҷикистон тақрибан анъанаҳои комилшудаву пӯхташудаи фаъолияти сиёсати хориҷӣ дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ надошт. Зарур омад ҳамаи ин бунёдан аз ҳарфи аввал шуруъ шавад ва бо гузашти як даҳсола аллакай метавон хулоса кард, ки Тоҷикистон мавқеъи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ бо як сиёсати муназзами хориҷӣ пайдо кард.
Ин китоб на танҳо барои доираҳои илмиву педагогӣ, донишҷӯён, аспирантон ва магистрҳо, балки ба ҳамаи касоне, ки мехоҳанд торихи сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлолро биёмӯзанд, муфид аст.
Бо монографияи “Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики “открытых дверей”аз ин ҷо метавонед ошно шавед.

Барчаспҳо: