Боз як рисолаи дигар аз гузашта ва имрӯзи Китобхонаи миллӣ

Аз гузашта ва имрӯзи Китобхонаи миллии Тоҷикистон боз як рисолаи илмӣ рӯйи кор омад. Ду рӯз қабл Майрам Мамадазимова, устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода рисолаи номзадии худро таҳти унвони «Ташаккул ва рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон” (солҳои 1933-2013) ҳимоя кард ва номзади илми таърих гардид. Мавсуф аз соли 2011 то соли 2015 унвонҷўи кафедраи библиографишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, таҳти роҳбарии доктори илми таърих, профессор Сайидалӣ Муҳиддинов як давраи томи фаъолияти китобдориву китобхонашиносӣ дар кишварро пажуҳиш кард. Дар рисола омилҳои таъсисёбии Китобхона, фаъолияти он дар марҳилаҳои гуногун, нақши он дар пешрафти китобдорӣ дар кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф талош крадааст аз ҳама манбаъҳои таърихӣ истифода барад, кӯшидааст паҳушиши вай фарогир ва пурмуҳтаву ва далелҳояш мутмаъину пояҳои илмӣ дошта бошанд.

Барчаспҳо: