Ниҳоят лаҳзае фаро расид, ки ҳамаро вагон ба вагон аз рўи ҳисоби чилудукасӣ ё ҳаштаспӣ ҷо карданд. Аспҳо, бадеҳист, ки бароҳаттар мерафтанд, зеро рост истода хоб рафта метавонистанд. Воқиан ин ҳеҷ гуна аҳамияте надошт: қатораи ҳарбиён ба Галитсия тўдаи нави одамонро ба куштан мебурд.
Бо вуҷуди ҳамин, даме, ки қатора равон шуд, ин маҳлуқҳо як дараҷа тасалло ёфтанд. Акнун ақаллан андаке маьлум гардид, то ин лаҳза бошад, фақат муаммои тазйиқоваре буду бас, воҳимаву изтироби бепоёне буд, ки кай мефиристода бошандашон: имрӯз, пагоҳ ё пасфардо? Бисёриҳо эҳсоси каси ба марг маҳкумшударо ба сар мебурданд, ки бо ҳарос омадани ҷаллодро нигарон аст. Лекин ҷаллод ки омад, хотираш ҷамь мешавад-хайрият, ки ҳамааш ба поён мерасад!
Эҳтимол, аз ҳамин сабаб бошад, ки сарбоз мисле, ки ақлбохтае бошад, дод зад: «Равон шудем!Равон шудем!»
Мирзои калон бешак ҳак буд, даме ба Швейк мегуфт, ки ҳоҷати шитоб кардан нест. Пеш аз он ки сарбозон дар вагонҳо ҷо гирифтанд, чанд рўзе гузашт. Дар тамоми ин муддат гуфтугў дар боби консерв басанда нашуд. Ванеки аз таҷрибаи рўзгор донишандўхта изҳор кард, ки ин хаёли хом аст. Консерв куҷо! Ибодати сайёри саҳроӣ-ана инаш аз эҳтимол дур нест. Охир дар ротаи маршии собиқ ҳам ҳол ҳамин буд. Вақте ки консерв бошад, ба ибодати сайёри саҳроӣ ҳоҷат намемонад. Дар акси ҳол ибодати сайёри саҳроӣ ҷои консервро гирифта метавонад.
Гапаш рост баромад, ба ҷои консерви гўштӣ обер –фелдкурат Ибс пайдо шуд, ки бо як тир се похтакро зад. Ў якбора барои се баталони маршӣ намоз гузорд. Савоби дутоашро ба Сербия бахшиду яктоашро –ба Русия.
Дар айни замон нутқи илҳомбахше эрод кард, ки нукоташро, чунон ки пай бурдан душвор набуд, аз таквимномаҳои ҳарбӣ ахз кардааст .Нутқ чунон ҳамаро ба изтироб овард, ки Швейки ҳамроҳи Ванек дар як вагон ба сўи Мошон рафта истода, ки он вагон барбадеҳа идорахонаро таҷассум медод, ҳамон нутқро ёдовар шуда, ба мирзои калон гуфт.
- Ҳар чи бошад ҳам, ин дарвоқеъ олиҷаноб хоҳад буд. Бо чи маҳорате тасвир кард ў: «Рўз ба тарафи шом майл кардан мегирад, қурси офтоб бо шўьлаҳои заринаш дар паси кўҳ панаҳ мешавад, дар майдони набард бошад, вопасин оҳи ҳасратбори сарбозони дами марг, шиҳаи аспони аз по фитода, нолиши қаҳрамонони маҷрўҳ, навҳаву нолаи сокиноне ба гўш хоҳад расид, ки боми хонаҳо дар болои сарашон сўхтан дорад». Ба ман маьқул аст, даме ки одамон ба аблаҳи мукаммал табдил меёбанд.
Ин порае аз як қиссаи нависандаи ҳаҷвнигори чех Ярослав Гашек (талаффузи чехиаш Ҳашек) “Дар хоки Маҷорисон” буд, ки мутолиа кардед. Асли қиссаро метавонед дар китоби адиб бо номи “Саргузашти сарбози чолок Швейк” мутолиа намоед, ки соли 2011 чоп шудааст.
Нависанда дар симои қаҳрамони зоҳиран соддалавҳу аблаҳнамои Швейк моҳияти зиддихалқӣ доштани на фақат империяи фарсудаи Австро-Венгрия, инчунин ҳар гуна сохти давлатдории тоталитарии худкомаро бо табирҳои обдори халқӣ фош ва хандахариш кардааст. Сад афсўс, ки нависандаи бемор январи соли 1923 таҳрири асарро нотамом гузошта, ин ҷаҳонро падруд гуфтааст. Образи Швейк моҳияти байналхалқӣ касб карда, эҷодгарашро шўҳраи олам гардонд. Роман ба аксари забонҳои ҷаҳон, аз ҷумла қариб ба кулли забонҳои Иттиҳоди Шўравӣ тарҷума шудааст.
Тарҷумаи тоҷикии асар дар ду китоб (қисми 1 ва 2 соли 2009 баромада буд) ба чоп расид. Тарҷумон саъй кардааст тобишҳову ифодаҳои мутоибавии мардумии нависандаро бо таъбирҳои ҳамсони тоҷикӣ баён кунад.
Китобро шумо дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолиа карда метавонед.
Гузинаи электронии китоб ин ҷост: “Саргузашти сарбози чолок Швейк”
Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
корманди шуъбаи кӯдакон ва наврасон.