Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз

Тасвири май дар ашъори бузургтарин шоири ғазалсарои адаби форсӣ – Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ мақоми махсус дошта, анқариб тамоми осори ўро фаро гирифтааст. Хоҷа ҳангоми сурудани мавзўи мазкур аз таҳаввулоти он дар осори шуарои салафи худ огоҳии комил дошта, мазомин ва мўҳтавои онро ба ҳадди камол расонидааст. Он чизе, ки Ҳофизро  аз дигарон боло мегузорад, тарзи тасвир ва баёни ўст, ки саршор аз маҷозу киноя ва иҳому истиора аст. Аз сўи дигар, ҳар вожаи шеъри Ҳофиз дорои ду соҳати маънӣ: дарунмаънӣ ва берунманӣ мебошад.

Дар берунмаънӣ вожаҳо ҳамон маъониеро доранд, ки дар забони гуфтугўӣ маъмуланд, аммо дар соҳати дарунмаънӣ маъноеро ифода мекунанд, ки шоир барои онҳо қоил шудааст. Маъонии дарунмаънии вожаҳо якбора пайдо нашуда, балки таҳаввули маънойиро аз сар гузаронидаанд, чуноне ки мо ҳангоми баррасии маъонии воқеӣ ва ирфонии май аз назар гузаронидем. Аз ин рў, барои роҳ ёфтан ба ҳарими пур аз розу рамзи шеъри Ҳофиз бояд ҳар яке аз ин вожа ва иборату таркиботи онро дар алоҳидагӣ баррасӣ намуд. Ин нуктаро қайд намудан ҷоиз аст, ки май ва муродифоти он (бода, шароб, хамр, роҳ, мудом, дурд, мул), сифатҳои вай (майи софӣ, майи мушкин, майи боқӣ), зарфҳои майнўшӣ (ҷом, соғар, қадаҳ, суроҳӣ, пиёла, ратл), макони истеҳсол ва фурўшӣ шароб (майхона, майкада, шаробхона, харобот, дайри муғон), истеҳсолкунандагону фурўшандагони он (хаммор, бадафурўш), тақсимкунандагони вай (соқӣ, муғбачча, бут), сокинони майхона (пири муғон, ринд, ориф) ва монанди инҳо ҳар як дар соҳати дарунмаънӣ маъно ва мафҳуми хосеро ифода мекунанд. Муаллифи ин сутур соли 2003 китобе бо номи «Фарҳанги таҳлилии  алфози хароботии ашъори Хоҷа Ҳофиз»-ро ба нашр расонд, ки дар он тамоми вожа ва таркиботу иборати алфози хамрии шеъри Ҳофиз баррасӣ шудааст. Фарҳанги зикршуда фасли аввали ин бобро ташкил медод, ки такмил дода шуда, ба сифати китоби алоҳида ба нашр расидааст. Мо такрори онро ин ҷо ҷоиз надонистем. Хонандагон метавонанд барои дарки вожа ва таркибҳои хамрии шеъри Ҳофиз ба ин китоб муроҷиат кунанд.

                        Хамриёти Ҳофиз ва мўҳтавои он

 Хамриёти Ҳофиз дорои чандин мавзўҳост ва ин мавзўҳо марбут ба ҳар ду соҳати шеъри шоиранд. Мавзўъоти хамриёти шоирро метавон ба ду дастаи бузург тақсим намуд. Дар қисмати аввал шоир майро ба сифати мабдаи тасвир ба кор мебарад ва дар қисмати дуюм май ва дигар алфози хамрӣ ба ҳайси воситаи тасвир ба кор рафтаанд, яъне агар дар қисмати аввал сухан бевосита  дар бораи шароб бошад, дар қисмати дуюм мавзўъҳои ғайрихамрӣ бо воситаи маю шароб ва дигар алфози хамрӣ баён ёфтаанд. Ин ду қисмати бузургро метавон ба чандин мутифҳо тақсим намуд.

 Бино ба таҳқиқи ҳофизшиносон Хоҷа гаравидаи маслаки риндист ва «риндӣ ҳунари аслии Ҳофиз аст» (301,3). Зеро риндон озоданду назарбоз ва шоҳидбоз. Ҳамчунин майхораву хушдил ва душмани тазвиру риё. Ду дунёро пушти по заданд ва тамаъи чизе надоранд, ба ҷуз аз дидори маъшуқ, ғайр аз ў ҳамаро инкор доранд. Ин сифатҳо мақбули Ҳофиз гаштаву «ҳарчи бодо бод» худро ба сафи риндон задаст. Аммо агар ин сифатҳо дар соҳати берунмаънӣ ба ҳамин маънойи воқеӣ ба кор рафта бошанд, дар соҳати дарунӣ маънойи дигареро ифода мекунанд, ки ношӣ аз маънойи воқеӣ буда, ба он марбут аст. Риндӣ, ки ҳунари аслии Ҳофиз аст, ҳунарҳои дигар, монанди назарбозӣ, ошиқӣ, шоҳидбозӣ аз партави ҳунари риндӣ падид омадааст. Вожаи риндро шуарои пеш аз Ҳофиз низ истифода бурдаанд, аммо ба таҳқиқи Насруллоҳ Пурҷаводӣ «ҳеҷ шоире қабл аз Ҳофиз риндро ба унвони номи аслии худ интихоб накардааст». (301,5)

  Риндӣ барои Ҳофиз ошиқӣ аст ва ин ду мафҳум дар тасвири шоир як хел вазн доранд. Зеро «зоти риндӣ ишқ асту ишқ айни риндист» ва назарбозию майхорагӣ ва шоҳидбозии ринд низ аз ҳамин ишқ бархостааст. Бино ба эътиқод ва огоҳӣ аст. Ринде, ки Ҳофиз аз ў сухан мегўяд ва ба васфи ў мепардозад, «аз сарои табиат» бурун омадааст, аммо ҳанўз дар роҳ асту ба ҳақиқати ишқ нарасидааст. Аз сарои табиат бурун омадани ринд мўҷиби он гаштааст, ки маслиҳатбину салоҳандеш набошад, балки маломатпазир бошаду вафодор ва бепарво аз ному нанг. Ана ҳамин хислатҳо ўро аз мақоми зўҳд ҷудо намуда, вориди манзили муҳаббат гардонидааст. Аммо ин ринд ҳанўз ба маъшуқ фони нашудаст ва ба ҳамин мақсад ҷадал дорад. (301,5)

 Тавре зикраш рафт, майхорагӣ ва хушдилӣ яке аз сифатҳои ринд аст ва Ҳофиз ҳамеша вақте аз май сухан ба миён меоварад, назари риндона дорад ва майро риндона тасвир мекунад. Аз ин ҷост, ки шоир дар тамоми мавзўъоти хамрии худ чун як ринди ошиқ сухан мегўяд.

Бознашр аз китоби Шарифмурод Исрофилниё “Хамриёти Ҳофиз”, Душанбе, 2010

(Идома дорад)

Рӯйнависи Замира Давлатова