Китоби адабиётшинос ва мунаққиди шинохтаи тоҷик Сафар Абдуллоҳ аз мақолоту гузоришҳои муаллиф дар риштаҳои нақди адабӣ, шеършиносӣ, масоили мубрами забону адаби форсӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги эронӣ фароҳам шудааст. Онҳо қаблан дар матбуоти Тоҷикистону Эрон, Русия ва Қазоқистон интишор шуда ва баъзе вокунишҳое доштаанд. Ин навиштаҳо аз вижагиҳое бархурдор мебошанд, ки барои ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва алоқамандии хонандагон ва ошиқони адаби дилнишини забони форсӣ хоҳанд буд.
Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо иштироки шоири бачагон Абдусаттори Раҳмон баргузор гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи меҳмон ва эҷодиёти вай мухтасар суханронӣ кард. Хонандагони фаъоли шуъба аз эҷодиёти адиби хушзавқ шеърҳо хонданд. Миёни адиб ва хонандагон табодули афкор сурат гирифт
Баъд аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии аъзоёни фаъоли шуъба бо кормандони соҳаи тиб баргузор шуд, оид ба пешгирии бемории сироятии куруновирус (Covid 19) ва бемории сил баррасӣ гардид.
Дар спектаклҳои «Ғуруби аҷам», «Кабки қафас», «Сайхуни мафтуншуда», «Куруш ва Томирис», дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳои «Шабпаракҳои озод», «Бедонаҳо», «Соҳибаи меҳмонхона», «Тахайюли бешагӣ», «Ишқи парӣ», «Шаби охирини Суқрот», «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Маро танҳо магузор», «Ишқ ва шамшер», дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ «Отелло», «Амир Исмоил», «Шоҳ Носири Хусрав» ба саҳна гузошт.
Миралибеков Баҳодур 21 апрели соли 1950 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст.
Китоби дарсии мазкур, ки аз ҷониби Пиралӣ Назаров таълиф шудааст, аз назари илми таърих таҳия гардида, муаллифи он масъалаи таълими фанни “Таърихи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва назди Балтика” - ро ҳадафи омўзиш қарор додааст. Қимати таълимӣ ва илмии китоб аз он иборат аст, ки дар шароити муосири норасогиҳои адабиётҳои таълимӣ бо забони давлатӣ барои донишҷўёни факултаҳои таърих, таъриху ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии мактабхои олии Ҳумҳурии Тоҳикистон пешниҳод мегардад.
Китоб ганҷинаест, ки дари садҳо хазинаи маърифатро барои хонанда мекушояд. Барои ин таҳкурсии шавқу рағбати хондан ба китобро бояд мо аз хурдӣ дар замири хеш бедор созем. Ҳар як наврас аз овони наврасӣ мекушад ба каҳрамоне монанд бошад. Дар хурдсолӣ китоби хуберо мутолиа мекардам, агар қаҳрамони китоб корномаҳо нишон диҳад,