Ба андешаи ман...
Китоб ганҷинаест, ки дари садҳо хазинаи маърифатро барои хонанда мекушояд. Барои ин таҳкурсии шавқу рағбати хондан ба китобро бояд мо аз хурдӣ дар замири хеш бедор созем. Ҳар як наврас аз овони наврасӣ мекушад ба каҳрамоне монанд бошад. Дар хурдсолӣ китоби хуберо мутолиа мекардам, агар қаҳрамони китоб корномаҳо нишон диҳад, мехостам ба ў монанд бошам. Дар симои қаҳрамони манфӣ худро ҳеҷ гоҳ тасавур кардан намехостам.
Гар ҷаҳони донишу фарҳангро,
Оламе бошад беҳадду ҳисоб.
Маъниву фазлу хирадро одамӣ,
Дарҳамеёбад зи дунёи китоб
Давраи кўдакӣ ва наврасӣ давраест, ки ҳар чизи дидаву шунида дар хотир хуб нақш мебандад. Чунки дар ин давра тафаккури наврас акнун ба инкишофёбӣ оғоз мекунад. Ва ба таври зарурӣ шакл мегирад.
Вақте, ки кӯдак аз синни ҳафтсолагӣ ба мактаб меравад, доираи фаҳмиши ў нав инкишоф ёфта, бо хондани аввалин ҳарфҳо ва ёд гирифтани навиштан ў ба донишандўзӣ оғоз мекунад. Аз хондани китоби хуб ғизои маънавӣ мегирад. Ва акнун ў дарк месозад дунёро, неку бадро.
Замона пеш рафта, дигаргуниҳои нав ба нав техникаву таҷҳизотҳои замонавӣ зиндагии моро фаро мегиранд. Зиндагӣ лаҳза ба лаҳза соат ба соат тағйир меёбад, инсон низ зеҳни ақлии худро дигаргун месозад.
Барои он ки сарчашмаи ҳамаи донишҳои дунявӣ аз хониш маншаъ гирифтааст. Китоби хуб метавонад дониши ҳар яки моро ба чанд солҳо пеш бубарад. Хониши як китоби пурмаъно ҷои чанд лаҳзаи хуби зиндагиро пурра месозад.
Китоб метавонад чун филми хуб инсонро тарбият намояд. Образҳои мусбии қаҳрамонони китобҳои машҳур тавонистаанд чандин наслҳоро тарбият намоянд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят созанд. Китоб чун дўсти беминнат метавонад дар лаҳзаҳои танҳоии зиндагӣ ҳамрозу ҳамдами ҳар яки мо бошад. Аз рафиқи бадгуҳар дида, китоби хуб сад бор беҳтар аст. Китоби хуб моро сайри олами зебоӣ мебарад.
Китоб ганҷинаест, ки дари садҳо хазинаи маърифатро барои хонанда мекушояд. Барои ин таҳкурсии шавқу рағбати хондан ба китобро бояд мо аз хурдӣ дар замири хеш бедор созем. Ҳар як наврас аз овони наврасӣ мекушад ба каҳрамоне монанд бошад. Дар хурдсолӣ китоби хуберо мутолиа мекардам, агар қаҳрамони китоб корномаҳо нишон диҳад, мехостам ба ў монанд бошам. Дар симои қаҳрамони манфӣ худро ҳеҷ гоҳ тасавур кардан намехостам.
Хондани китобҳои хуб, ки аз корномаҳои фарзандони баруманди халқи тоҷик нақл мекунанд, ба нафъи тарбия аст. Ин тарбия оғоз мегардад аз он ки хонанда донишашро такмил медиҳад ва инчунин дар руҳияи ватандўстӣ ва инсонпарварӣ тарбия меёбад.
Барои ҳамин зарур аст, ки кўдакон наврасонро бештар ба хондани китобҳо ҷалб созем. То ин ки тавонем насли солим ва дорои маърифати баланди инсонӣ тарбия намоем.
Ёсуман Аваззода,
мутахассиси пешбари шуъбаи котибот