Ниҳоят лаҳзае фаро расид, ки ҳамаро вагон ба вагон аз рўи ҳисоби чилудукасӣ ё ҳаштаспӣ ҷо карданд. Аспҳо, бадеҳист, ки бароҳаттар мерафтанд, зеро рост истода хоб рафта метавонистанд. Воқиан ин ҳеҷ гуна аҳамияте надошт: қатораи ҳарбиён ба Галитсия тўдаи нави одамонро ба куштан мебурд.
Бо вуҷуди ҳамин, даме, ки қатора равон шуд, ин маҳлуқҳо як дараҷа тасалло ёфтанд. Акнун ақаллан андаке маьлум гардид, то ин лаҳза бошад, фақат муаммои тазйиқоваре буду бас, воҳимаву изтироби бепоёне буд, ки кай мефиристода бошандашон: имрӯз, пагоҳ ё пасфардо? Бисёриҳо эҳсоси каси
Ҷамъоварӣ ва ғанӣ гардонии хазинаи миллии адабиёти илмии чопӣ ва намудҳои дигари иттилоот яке аз барномаҳои асосии Китобхона аст. Китобхона дорои дастгоҳи идорӣ буда, сохтори он аз 11 шӯъба иборат аст. Фонди умумии Китобхона зиёда аз 1174700 нусха ҳуҷҷатҳои чопиву электронии доир ба соҳаҳои мухталифи илм ташкил медиҳад. Китобхона хазинаи давлатии