Тасвири май дар ашъори бузургтарин шоири ғазалсарои адаби форсӣ – Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ мақоми махсус дошта, анқариб тамоми осори ўро фаро гирифтааст. Хоҷа ҳангоми сурудани мавзўи мазкур аз таҳаввулоти он дар осори шуарои салафи худ огоҳии комил дошта, мазомин ва мўҳтавои онро ба ҳадди камол расонидааст. Он чизе, ки Ҳофизро аз дигарон боло мегузорад, тарзи тасвир ва баёни ўст, ки саршор аз маҷозу киноя ва иҳому истиора аст. Аз сўи дигар, ҳар вожаи шеъри Ҳофиз дорои ду соҳати маънӣ: дарунмаънӣ ва берунманӣ мебошад.
Одатан, дар оғози ҷашни мавлуди намояндагони илму адаб бисёр менависанд, вале ин навиштаҳо аксаран самимияти шахси нависандаро ба таври мукаммал ифода карда наметавонанд. Шояд ин аз он вобаста аст, ки мо ҳама аз нарасидани ҳамон вақте, ки аксаран беҳуда зоеъ меравад, шикоят мекунем. Аммо дар лаҳзае, ки нисбат ба фарде, ки бароямон бисёр азизу гиромӣ аст, бо ҳар баҳона аз изҳори ҳақиқате, ки ӯ сазовор нисбаташ қанораҷӯӣ мекунем. Бо ҳамин айби мо ҳақиқате аст як умр дар қалбҳо пинҳон мемонад. Шояд он ҳақиқатест, ки дигарон намедонанд ё ҳақиқатест, ки ба тақдири ояндаи шахс таъсири амиқ
Маънии луғавии достон шуҳрат ва масал (Бурҳони қотеъ), шаҳри воқиа (Фарҳанги забони паҳлавӣ 1386, 137), саргузашт, афсона, машҳур, забонзад (Фарҳанги форси Муин, зайли вожа). Достон ба маънои луғавӣ дар «Шоҳнома» истифода шудааст, аммо асли маънои он як рўйдоди анҷомёфта ва ба натиҷае расида мебошад, ки дар ин суханони Фирдавсӣ мулоҳиза шудаанд:
Кунун пуршигифте яке дост
Бипайвандам аз гуфтаи бостон. (Шоҳнома 1, 164)