Қиёмиддин Чақалов аз ҳунармандони варзидаи аҳли Файзобод аст. Бештар ҳаҷвнигорӣ мекунад. Нақшҳои мондагори ғайриҳаҷвӣ ҳам дорад, вале ӯро бештар чун ҳаҷвнигор мешиносанд. Ҳаҷваш ҳам баргирифта аз зиндагист ва худаш иқрор аст, ки ҳаҷваш ҷанбаи тарбиёвӣ дорад. Шеър ҳам менависад, сарояндагӣ ҳам мекунад, аммо дар басмҳои хусусӣ.
Чақалов Қиёмиддин 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Дар ин китоб муаллиф дар асоси натиҷаи экспедитсияҳои илмӣ ва тадқиқотҳои сотсиологӣ оид ба масоили мубрами касбу ҳунарҳои анъанавии бонувон дар Тоҷикистон маълумот додаст. Муаллифи китоб Лайло Носирова буда, барои омўзишу таҳқиқ ва нигаҳдории унсурҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик мусоидат карда, ба фарҳангшиносон, этнографҳо, фолклоршиносон ва муҳаққиқону коршиносони соҳа пешниҳод мегардад.
Касбу ҳунарҳои халқӣ ҷузъе аз фарҳанги миллӣ буда, барои мардуми тоҷик аҳамияти махсусро касб кардааст. Ҳар як ҳунар эҳтиёҷи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эстетикии одамонро қонеъ