Рушди касбу ҳунарҳои анъанавии бонувон дар Тоҷикистон
Нашр шуд 2020-04-29 11:33
Дар ин китоб муаллиф дар асоси натиҷаи экспедитсияҳои илмӣ ва тадқиқотҳои сотсиологӣ оид ба масоили мубрами касбу ҳунарҳои анъанавии бонувон дар Тоҷикистон маълумот додаст. Муаллифи китоб Лайло Носирова буда, барои омўзишу таҳқиқ ва нигаҳдории унсурҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик мусоикарда, ба фарҳангшиносон, этнографҳо, фолклоршиносон ва муҳаққиқону коршиносони соҳа пешниҳод мегардад.
Касбу ҳунарҳои халқӣ ҷузъе аз фарҳанги миллӣ буда, барои мардуми тоҷик аҳамияти махсусро касб кардааст. Ҳар як ҳунар эҳтиёҷи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эстетикии одамонро қонеъ гардонида, ҳамчун воситаи санъати бадеӣ дар баланд бардоштани завқи эҷодкории ин ё он ҳунарманд кумак мерасонад. Маҳз касбу ҳунарҳои миллӣ метавонанд ҳаёти ҳунармандонро тағйир диҳанд.
Дар ин китоб метавонед бо ҳунарҳои абрбандӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, гилембофӣ, қолинбофӣ, шерозабофӣ, ҷӯроббофӣ, куртадўзӣ, камзулдўзӣ ва ғайраҳо маълумот гиред.
Фирўза Маҳмадҷонова,
мутахассиси Маркази такмили ихтисос.