Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб...

Китоб пурқимматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаъри­фати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Нисбати китоб ва китобдорон бо­эҳти­ром сухан меронанд. Ҳалқи тоҷикро ҷаҳониён, аз замони қадим, таввасути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то замони мо овардаанд.

Имрўз ҳам китоб шиносномаи шоистаи миллати мост. Бинобар ин Китобхонаи миллии Тоҷикистон махзани маданияти миллии тоҷик, рукни беназири фарҳанги миллӣ буда, дар ташаккули тамоми бахшҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол накши бузург дорад. Вобаста ба талаботи маънавию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаи муосири насли башар инкишоф меёбад, ба тарзу усулҳои фаъолияташ мазмунҳои тоза бахшида, ҷиҳати батадриҷ ғанигардонии боигарии моддию маънавии ҳамазамонон ва наслҳои оянда хизматҳои арзандаро сомон мебахшад. Китоб асари мустақили илмию бадеӣ ва фарҳангист, ки моро бо асрори олами воқеӣ, дунёи хаёли рангини муаллиф, пардаҳои сеҳрангези оламу одам ошно месозад. Вай даричае, равзанаест, ки мо тибқи он олами ҳастиро кашф менамоем, «чизи дар худ»-ро ба «чизи барои мо» мубаддал мекунем.

Китоб ба хонанда маънӣ медиҳад, одамонро ба кору фаъолият меандозад, зиндагиро дар назаргоҳашон пурҷило нишон медиҳад. Китоб хубиҳое дорад, ки мо ҳанўз ҳамаи сифатҳои онро аз бар  накардаем. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки шаъшаъа бар хаёл афзуда, маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Вай оинаест, ки мо дар он таърихи ҳаёту зиндагонии худамонро эҳсос менамоем. Ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст. Агар касе ҳам китоб нахонда бошад, маърифате, ки аз одамону ҷомеа, аз муҳити атроф гирифтааст, боз аз китобҳои хондаи онҳост. Китоб хубтарину нодиртарин мўъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя овардааст. Пас эҳтиромаш вазифаи муқаддаси ҳамаи мост. Ҳар чӣ қадар, ки мо онро азизу мўътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мекашад

Китоб шамъи дили инсон ,роҳбару  роҳнамои ў дар зиндагист,ки аз нури ў  дар  зиндагист ,ки аз нури ў метавон неку бад  ва  наъфу  зарарро шинохт.

Бузургони  мо дар  бораи  китоб даҳҳо  ҳазор суханҳои  баландмазмун гуфтаанд . Чунончӣ ,Мавлоно  Биноӣ  мефармояд:

Ҳамнишине  беҳ аз китоб  махоҳ,
Ки мусоҳиб  бувад гаҳу   бегоҳ.
Роҳатафзои  ҷону роҳати  дил,
Ҳарчи  дилхоҳи туст ,аз ў ҳосил.
Инчунин  ҳамдами  латиф  кӣ дид,
Ки на ранҷа  диҳад , на ранҷонад.

Китоб хазинаи илму маърифат,панду ҳикмат, дўсти холис ва бетамаъ, ғамбарору ғамгусор  ва ҳамнишину  ҳамсуҳбати инсон аст. Дар ин маънӣ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ фармуда:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурўғи субҳи  доноӣ  китоб аст.
Зи доноён бувад ин нуқта машҳур,
Ки доно бе кутуб доност  дар гўр.

Китоб пирояи  хирад ва сармояи  ҳунар  аст. Китоб қувваи  бузург аст ва онро метавон мўъҷиза  номид.

Ё Пешвои миллат гуфта: Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст.

Бузурге фармуда:

Беҳтарин  ёри вафодор  китоб аст, китоб,
Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб.

Аз  ҳамаи чизҳои офаридаи  инсон ба мо наздиктарин, бузургтарин ва бебаҳотарин китоб аст.

М. Муҳаббатова
Мутахахиси пешбари
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: