Ҷўрабой Раҷабов: Панҷоҳ соли фаъолияти пурсамар

Донишманди пуркор, китобдору китобшинос, мутахассиси варзидаи соҳа Ҷӯрабой Раҷабов панҷоҳ сол аст, ки заҳмат мекашад. Ва ҳосили ин заҳматҳо даҳҳо номгӯ китобҳои библиографӣ, садҳо мақолаҳо дар нашрияҳо ва албатта, шогирдоне мебошанд, ки имрӯз аз беҳтарин олимону пажӯҳишгарони соҳа ба шумор мераванд.

       Ҷўрабой Раҷабов 8 декабри соли 1950 дар деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон таваллуд ёфтааст ва пас аз хатми мактаб-интернати №12-и ба номи Ю.А.Гагарин (ҳаштсола)-и ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд ба Душанбе меояду ба Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоӣ (воқеъ дар ноҳияи Ленин, ҳоло Рўдакӣ) дохил мешавад. Тайи се соли таҳсил ў соҳиби маълумоти миёнаи макхсуси китобдорӣ мегардад ва бо роҳхати Вазорати маданияти ҷумҳурӣ ба Китобхонаи ҷумҳуриявии Тоҷикитстон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ фирис­то­да мешавад. Панҷоҳ сол аст, ки  баҳри рушду нумўи Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ ва соҳаи китобдорӣ сарф намудааст.

Ҷўрабой Раҷабов соли 1973 ба шўъбаи ғоибонаи факултаи китобдории Донишкадаи давлатии маданияти Маскав дохил мешавад. Таҳсил ва дарсҳои пурмўҳ­та­вои олимони вар­зидаи риштаи китобдорӣ барои ташаккули ча­ҳон­бинии илмию касбии Ҷўрабой Раҷабов шароит фароҳам оварданд. Ў пайваста меомўхт ва кўшиш мекард, ки ҳарчи бештар дар ҳаллу фасли масоили мубрами соҳа ширкат варзад ва барои беҳтару ҷоннок намудани фаъолияти китобхонаҳои оммавӣ, омўзиш ва тарғиби таҷ­рибаи муфиду пешқадами китобхонаҳо, ни­шон­­рас ва нати­ҷа­бахшии чорабини­ҳои доиршаванда, ҷо­рӣ наму­да­ни усулу равиш­ҳои самара­бахши хадамоти китобдорӣ дар байни аҳолӣ дас­турҳои методии "Мавод ба ёрии кормандони китобхонаҳо ои­ди гуза­ро­ни­дани машғу­лиятҳои семинарӣ" (1973), "Норак - иншооти бу­­зург" (1973), "Аҳмадҷон Ҳамдӣ" (1975), "С. Ай­нй - асосгузори ада­биёти со­ветии то­­ҷик" (1977), "Китобхона ва кишту кори ба­ҳо­рӣ" (1980), "Тав­сияҳои мето­дӣ оиди ада­биёти табиатшиносӣ ва му­ҳо­физати табиат" (1983), "Ҷашн­но­маи ади­бо­ни мо" (1981), "Ҷанги Бузурги Вата­нӣ ва нависандагони со­ве­тии тоҷик" (1990), "Вориси Хайём" (1991), "Тарғиби осори бебаҳои ниё­гон дар китобхонаҳо" (1994), "Осори ади­­бони муосири тоҷик дар китобхонаҳо" (1997), "Тав­сия­ҳои ме­то­дию биб­­лиографӣ барои китоб­до­рони китобхо­на­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон" (2000) ва дигарро ба табъ мера­со­над.

       Вай ҳамчун методист ба омўзиши таҷрибаи пешқадами китоб­дорони китобхонаҳои давлатҳои Русия, Украина, Қазоқистону Қирғизистон пардохта, онро дар китобхонаҳои Тоҷикистон ҷорӣ намуд ва дар рушду нумўи соҳаи китобдории кишвар саҳми муно­сиб гузоштааст. Маҳз бо кўшиши ў ва ҳамкасбонаш ҷобаҷокунии нуқтаҳои китоб­хонаҳо дар маҳалҳо ва мута­мар­ка­зонидани маҷ­мўи китобхонаҳои Тоҷикистон ба сомон расонида шуд, ки дар натиҷа фароҳам­о­варии махзани китобхонаҳо, ташаккули дастгоҳи маълумотдиҳию библиографӣ, ҷалби хонандагон ба китобхонаҳо ва роҳбарии корҳои методӣ равнақ дода шуд. Бо саъю кўшиши ў беш аз 300 дастуруламалҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тавсияномаҳои соҳаи китоб­дорӣ ба тавсиб расиданд, ки имрўз ба онҳо китоб­до­рон такя ва кор мебаранд. 

       Ў ба хайси мудири шуъбаи илми методӣ (1978-1992) на танҳо дар та­ҳи­я ва вироиши дастурҳои методӣ саҳм гузоштааст, балки боз ба омўзи­шу тарғиби таҷрибаи муфиду пешқадами китоб­хо­наҳои ҷумхурӣ кў­шиш ба харҷ додааст. Тавассути мақолаҳои "Ҷамъият­чи­ё­ни  китоб­хо­наи  пешқадам" (1973), "Сафи  китоб­дўс­тон меаф­зояд" (1979), "Вазифаи фахрии китобдо­рон" (1980), "Ма­дадгор" (1982), "Ғам­хорӣ" (1982), "Машъ­алафрў­зони маъри­фатгоҳ" (1982) ва амсоли инҳо ў вазъи хада­мо­ти китоб­хо­навии аҳолиро баррасӣ намуда, нақши китобхонаҳоро дар тар­ғиби адабиёти пурмазмуну баландғоя мавриди таҳлил қарор до­да­аст.

   Ҷўрабой Раҷабов ҳамчунин дар омўзиш ва тадқиқи масоили му­ҳим - хадамоти китобдорӣ ба аҳолии хурдсоли ҷумҳурӣ, вазъи фаъ­оли­яти китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ ва натиҷаи сама­ра­бахшии чора­би­ниҳои доиркардаи ин китобхонаҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, та­вассути мақо­лаҳои "Маърифатгоҳи кўдакон" (1984), "Китобхона ва тар­бияи ҷаво­нон" (1985), "Ба хонандагони хурд­сол дар бораи устод" (1987), "Ба бачагон дар бораи шоир А.Лоҳутӣ" (1987) мулоҳизаҳои ҷо­либ баён кар­дааст.

Ў барои ҳама­ҷо­ниба тарғиб намудани осори ади­бон Шодон Ҳаниф, Ҷамо­лид­дин Тошматов, Лоиқ Шералӣ, Алӣ Бобо­ҷон ва Убайд Ра­ҷаб дас­турҳои "Ҳам­қа­дами замон", «Ҷамолиддин Тош­матов…», «Во­риси Хай­ём», «Тарғиби Алӣ Бобоҷон дар китоб­хонаҳо» ва "Шоир, китобхона ва кўда­кон»-ро таҳия наму­дааст ва ба китобдорон маслиҳатҳои муфид пешниҳод кардааст.

       Ў аз соли 1996 бо кормандони шўъбаи библи­ог­рафияи миллии Китоб­хонаи миллӣ ба омода ва интишори «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 1996-2000) пар­дохта, баъ­дан барои таҳияи дастури умумибиблиографии «Тақви­ми ҷашн ва са­наҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2003-2009) ҳам­чун мураттиб ва му­ҳаррир бевосита саҳм гирифтааст.   

       Ҷўрабой Раҷабов дар таҳия ва таҳрири дастурҳои мухталифи биб­ли­ог­рафӣ низ саҳм гузоштааст. Доир ба осори илмӣ, илмию методӣ ва библии­ог­рафии олимон ва мутахассисони риштаи ки­тоб­дорӣ дас­турҳои шарҳи­ҳо­лию библиографии "Ҷўраев Ислом Акрамович" (1989), "Тар­ғи­ботчии ки­тоб­­хонаҳои бачагона" (Ну­рид­дин Дав­латов, 1990), "Василий Георгиевич Белан" (1990), "Юну­сов Аб­дул­ло­ҷон" (1987, 1997, 2007)-ро мураттаб ва ба табъ ра­сонидааст. Китоб­но­маҳои таҳиякардаи ў "Ҷамъияти дўстодо­ро­ни китоб ва китоб­хона­ҳои шахсии Тоҷикистон дар матбуот" (1986), "Таърихи варзиши Тоҷи­кистон" (1997), "Давраи тиллоии тоҷикон" (1999) дар пажухишу инти­хо­би адабиёти зарурӣ кўмак мерасонад.

       Дар давраи ба ҳайси муовини Раиси Китобхонаи давлатии То­ҷи­кистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кору фаъолият карданаш (1992-2012)  корҳои илмию нашрии он рав­нақ ёфт ва на­тиҷаи даст­­овардҳо тавассути мақолаҳои пробле­ма­вӣ дар матбути кишвар инъикос шуданд.

       Ҷўрабой Раҷабов дар қатори пажўҳишу тадқиқи соҳаи китоб­дорӣ ба тарбияи кадрҳои китобдорӣ низ саҳм гирифта, ҳамчун омўзгори калони факултаи ки­тоб­дории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Тур­сунзода ба донишҷўён солҳои зиёде дарс гуфтааст ва даҳҳо шогирд ба камол арсондааст, ки иддае дар соҳа шахсони маълуму маъруфанд.. 

       Ў дар 42 конфронсҳои илмию ама­лии бай­налмилалӣ, ҷумҳу­риявӣ ва семинар - машваратҳои кор­ман­дони ки­тоб­хонаҳо фаъо­лона ширкат варзида, нисбати беҳбудии фаъолияти ко­ри ки­тоб­хонаҳо  гузоришҳои ҷолиб баён намудааст.

       Ў аз рўзҳои аввали таъсиси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷум­ҳу­риявӣ (соли 1974) ҳамкорӣ намуда, асару дас­турҳои методию библиографии «Ҳам­қадами замон» (1991), «Шо­­­­ир, китобхона ва кў­дакон» (1992), «Давраи тиллоии тоҷикон» (1999), «Табиат ва кўдакон» (2002), «Фурўғи маърифат» (2007), «Чор фасли соли киш­вари соҳиб­истиқлоли ман – Тоҷи­кистон» (2007, ҳаммуаллиф Қ.Ав­ғонов), «Нашри китоб дар Ҷум­ҳурии То­ҷикистон (2005, ҳаммуаллиф Қ. Ав­ғонов), «Тарғиби осори Алӣ Бо­бо­ҷон дар китобхонаҳо» (2006), «Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳаф­­таи ки­тоби кў­дакону наврасони Тоҷикистон» (2008), «Китобхонаи давлатии бачагона ҷумҳу­риявии ба номи Мирсаид Миршакар» (2009, ҳамму­ал­лиф-таҳиягар Қ.Авғонов), «Консеп­сияи хадамоти китоб­до­рии кўдакон­у наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ - оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009, ҳаммуаллиф-та­ҳия­гар Қ. Ав­ғо­нов), Оинномаи муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷики­с­тон барои сол­ҳои 2015-2020», «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» (2012),  «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» (2013), -ро ва ғайра саҳми муносиб гузоштааст. Ҳоло ин марди кордида ба ҳайси мудири шуъбаи маълумотдиҳию библиог­рафии Китобхонаи чумҳурявии илмӣ-тиббии Тоҷикистон кору фаъолият дорад.

Бо намунаи асарҳои ин китобшиноси маъруф ин ҷо ошно шавед:
Намунаи асарҳои Ҷӯрабой Раҷабов

Юлчибой Мусоев,
м
уовини сардори такмили ихтиссоси КМТ

Барчаспҳо: