Дар фазилати зан ва модар

Бузургии  зан – модар  пеш  аз  ҳама  дар  он таҷассум  меёбад, ки  ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба  камолрасонандаи  фарзанд,  инчунин   нигоҳдорандаи  забон, таърих  ва  фарҳанги  миллӣ  мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати  Муҳаммад (с) дар яке  аз ҳадисҳои худ  мефармоянд : “Чаҳор  чиз  саодати  шахс  аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони  хуб  ва  рўзӣ   дар Ватан ».

Ба  ин маънӣ, занону модарон ҳамеша  дар  тарбияи  фарзандони соҳибмаърифату  хайрхоҳ  ва  дорои  ахлоқи  ҳамида  кўшиш  намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода  созанд. Зеро  фарзанди  аз ҷиҳати ҷисмонӣ  ва  маънавӣ солим ба  қадру манзалати падару  модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои  давлату  миллати  худ  хизмат  мекунад.  

Таърих  гувоҳ  аст,  ки  зан ҳамчун  модар, ҳамчун  қаҳрамон, ҳамчун  суханвар ва ҳамчун бунёдкор  дар ҷодаи  зиндагӣ хизматҳои  бузург  барои  башарият кардааст.

Инак  чанд  сухан аз эҷодиёти  бузургон  дар бораи  зан.

*****

Ҳамду сано ба зан – модар, ки муҳаббати ў  интиҳо  надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ўст.

Эмомалӣ  Раҳмон

*****

Зани  парҳезкори   зоянда
Мардро  давлатест  поянда.

Авҳадӣ

*****

Зан  расман  мураббии   мард ва тозанигоҳдорандаи  ахлоқи ў мебошад.

А.Франс

*****

Сарвати  зиндагӣ  дар  калимаи  зан нуҳуфта  аст.

Адам  Митскевич

***** 

Зан  беҳтарин  ва  охиртарин  туҳфаи  осмонист.

Ҳушанги  Шаҳриёр

*****

Зани  зебо  нури чашмро  зиёд  мекунад.

Суқрот

*****

Роҳати  дунё   зану дандон  бувад,
Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад.

Халқ

*****

Зоҳири мард рўи гул,
Ботини зан бўи гул

Канфутсӣ

Се  навъи  мард  занро намефаҳманд : чўпонҳо ,пирон, ва бадмастҳо.

*****

Халқ

Бояд занро  шинохту зандорӣ  омўхт, аз зани нав гирифтан  чӣ  ҳосил.

Халқ

*****

Зани  зебо  ва  сиҳати  хуб  беҳтарин  ганҷест  барои   мард.

Халқ

*****

Шахсе , ки зани  худро  таъна   мезанад, ба  шарафи худ теша  мезанад.

Халқ

*****

Зан  фариштаест,ки  дар  бачагӣ   парастори  мо, дар ҷавонӣ комдиҳанда, дар пири  тассаллидиҳанда аст,

Андре  Моруа

*****

Занҳо  бояд  кори  зиндагиро медонистагӣ , ҳаётро  мефаҳмидагӣ,  дасти тозаву забони ширин дошта , кори нек мекардагӣ  бошанд.

Муҳаммад Ҳиҷозӣ

*****

Зан  беҳтарин доруи дарди  ғамҳост.

Чехов

*****

Дари  хуррамӣ   бар сарое  бубанд,
Ки бонки зан аз вай барояд баланд

Саъдӣ  

*****

Зани  парҳезкору  солеҳа сутуни  марду  ободонии  хона  аст.Чунин  зани  фармонбардору тоаткор ободии хона  аст.

Халқ     

*****

Тифливу  домони   модар  хуш  биҳиште  будааст,
То  ба  пои  худ  равон   гаштему  саргардон   шудем.

Гирдоваранда  Меҳрангез  Муҳаббатова,
мутахассиси пешбари 
Маркази  такмили  ихтисос

Барчаспҳо: