Таҷрибаомӯзии 269 донишҷў аз макотиби олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии пойтахт дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-07-16 15:11
Барои мукаммал намудани дониши донишҷўён дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба таҷрибаомўзии таълимӣ, истеҳсолӣ аҳамияти калон дода мешавад. Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ дар нимсолаи аввал ба Маркази такмили ихтисос 269 нафар донишҷўён аз макотиби олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии пойтахт омаданд ва донишҳои назариявии худро такмил доданд.
Аз ҷумла:
Таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ин таҳкими донишҳои назариявии донишҷўён буда, онҳоро ба фазои касби интихобкардаи худ дохил мекунад. Пеш аз оѓози таҷрибаомўзии истеҳсолӣ дар Китобхона бо иштироки мутахассис-омўзгорон ва роҳбарони таҷрибаомўзон аз муассисаҳои таълимӣ бо таҷрибаомўзон сўҳбатҳо гузаронида мешавад, ки дар он мақсади таҷрибаомўзӣ, тартиби гузаронидани он, ташкил, назорат, тарбия, муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ баррасӣ карда мешавад.
Таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён қисми муҳим ва ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия дар баланд бардоштани дониши касбии донишҷўён ҷузъи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос буда, дар корхона, муассисаву ташкилотҳои гуногуни хоҷагии халқ, фарҳанг, тандурустӣ, савдо ва идоракунии давлатӣ гузаронида мешавад.
Чун қоида барои донишҷўёни курсҳои поёнӣ таҷрибаомўзии таълимӣ дар устохонаҳои дарсӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ ва саҳроӣ, хоҷагиҳои таҷрибавӣ, клиникаҳо ва дигар муассисаҳои таълимию ёрирасони мактабҳои олӣ, инчунин дар мактабҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ташкил карда мешавад.
Таҷрибаомўзӣ масъулият ва муносибати шахсии таҷрибаомўзро нисбат ба кор ва касби интихобкардааш қавӣ мегардонад ва дар доираи талаботи асноди меъёрию ҳуқуқии низоми маориф, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва рушди «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» сурат мегирад.
Дар давраи таҷрибаомўзӣ донишҷў ўҳдадор аст, ки маводу маълумоти воқеӣ дар бораи фаъолияти истеҳсолии Китобхонаро гирд оварда, онро дар навиштани рўзномаи таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ҳамаҷониба истифода барад.
Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайваста бо Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Вазорати маориф, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва бо «Хонаи китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, аз таҷрибаи бойи онҳо дар фаъолияти худ истифода мебаранд ва ҳамзамон дар таҳияи барномаҳои таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос саҳмгузор мебошад.
М.Каримов,
Маркази такмили ихтисос