Ин як мисраъ шеъри Ҳайрат Шанбезода аст. Таронасарои Бадахшон, шахсе, ки хеле ғазалҳои равону дилчасп гуфт. Шоире, ки аз Қудрати бадахшӣ зиёд ёд кард ва як силсила шеърҳои солҳои ҷавониашро ҳам ба ӯ бахшид. Дар хонаводаи шоир бузург шуд, гоҳ бо сабки падар шеър гуфт ва гоҳ рӯ овард бо ҳамон навои обшорони диёраш, ки ӯро шоир карда буд. Ва шеъраш ҳамнаво бо садои обшорон ба қалби дӯстдорони каломи бадеъ расид. Шеъре, ки ба осонӣ мехонӣ ва ба осонӣ ба ҳофиза ҷо мегирад.
Ҳайрат Шанбезода 4 июли соли 1933 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Соли1956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Муаллими мактаби миёнаи ба номи
Мо бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот ва риояи ҳатмии талаботи қонун тарбия кунем, онҳоро аз таъсири харобиовари падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили ифротгароӣ, нашъамандӣ ва умуман, ҳама гуна ҷинояткорӣ эмин нигоҳ дорем ва тарзи ҳаёти солимро дар байни онҳо ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ намоем.
Эмомалӣ Раҳмон
Ман ронда зи майхонаам, аз ман бигурезед!
Дурдикаши девонаам, аз ман бигурезед!
Дар дасти қазо ҷон ба лабу дида ба мино,
Саргашта чу паймонаам, аз ман бигурезед!
Он шамъи мазорам, ки раҳи анҷуманам нест,
Маҳҷур зи парвонаам, аз ман бигурезед!
Бар зоҳири ободи ман уммед мабандед,
Ман хонаи вайронаам, аз ман бигурезед!
Девонаи занҷири ҳавасҳои муҳолам,
Афсунии афсонаам, аз ман бигурезед!
Барои мукаммал намудани дониши донишҷўён дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба таҷрибаомўзии таълимӣ, истеҳсолӣ аҳамияти калон дода мешавад. Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ дар нимсолаи аввал ба Маркази такмили ихтисос 269 нафар донишҷўён аз макотиби олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии пойтахт омаданд ва донишҳои назариявии худро такмил доданд.