Activities calendar

24 июля 2018

Аз ангуштонаш наво мерехт. Ёде аз бастакори шинохта Абдулфаттоҳ Одинаев

Агар умр вафо мекард, бастакори нотакрор Абдулфаттоҳ Одинаев имсол ба 80 медаромад. Дареғо, ки умри шахсиятҳои маъруф кутоҳ аст. 8 сол пеш олами моро тарк кард ва ба раҳмати Ҳақ пайваст. Вале асарҳои ҷовидонааш умри ӯро тӯлонӣ карданд. Имрӯз ҳам аз шабакаҳои гуногуни радио ва телевизион мутрибон оҳангҳои ӯро менавозанд ва ҳофизон таронаҳои ӯро месароянд. Ҳамин аст ҳикмати зинда мондани баъди рафтан.

Абдулфаттоҳ Одинаев 22 июли соли 1938 дар деҳаи Гузари ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Соли 1957 Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод ва соли 1962 Консерваторияи давлатии

На Остон, достоне рафт аз мо...

Чӣ метавон гуфт, ки аз Раҳмон Остон ҳарфҳои ногуфта зиёданд. Инсоне буд самимӣ, хоксор, донишманд ва ба маънои томаш зиёӣ. Соҳибқалам, ҳам ҳикоя навишту ҳам очерку лавҳа ва ҳам аз хуштарин лаҳзаҳои рӯзгор гузоришҳои зинда омода кард. Замоне буд, ки аз аввалинҳо шуда барои пойтахти кишвар шабакаи телевизиониро роҳандозӣ кард.

Аммо ин умр, ки ба касе вафо намекунад, ба ӯ низ вафо накард. Чор сол пеш дар як рӯзи сарди зимистон олами моро тарк кард. Ҳоло агар зинда мебуд, аз баҳори 65-уми умраш гул мечид.

Ёдаш ба хайр!

Ҳунарҳои мардумӣ ва атфол

Кӯдакону наврасон дар бораи ҳунарҳои мардумӣ чӣ медонанд? Ин суоле буд, ки мураббӣ аз ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” пурсид. Маълум шуд, ки аксари онҳо хабар доранд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст.
Наврасон дар бораи ҳунарҳои мардумӣ

Душанбе – город счастья и процветания.

Я признаюсь в любви к тебе,
Мой милый город – Душанбе!
Проходят годы чередой,
Но в сердце ты всегда со мной.

Журчат арыки и фонтаны,
Цветет миндаль во всей красе,
Кроваво- красные тюльпаны
И розы нежные в росе.