Ҳунарҳои мардумӣ ва атфол
Нашр шуд 2018-07-24 17:03
Кӯдакону наврасон дар бораи ҳунарҳои мардумӣ чӣ медонанд? Ин суоле буд, ки мураббӣ аз ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” пурсид. Маълум шуд, ки аксари онҳо хабар доранд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст.
Наврасон дар бораи ҳунарҳои мардумӣ тасаввуроти комил доранд ва медонанд, ки ин ҳунарҳо кадоманд. Баъди суолу ҷавоби муфассал дар мавриди навъу гунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, мураббӣ мавзуъро барои ҳамагон мушаххас кард. Тарзи омода намудани лўхтаки дастбоф ва чойнаку пиёла аз гилро ба хонандагони хурдсол нишон доданд ва дар ин бора ба духтаракони лайёкатманде, ки дар ин маҳфил иштирок доштанд, маълумот низ доданд. Дар байни духтарон лўхтак ё зочабозӣ бештар маъмул буд.
Лўхтаки одитаринро аз ду чўбча сохта, ба он порчаҳои хурди матоъҳо ва риштаҳои рангаро ҳамчун курта мепечониданд ва ба сараш латтапораеро чун рӯмол мебастанд. Баъзеҳо ба ҷойи кала ба он тугма ё ашёи хурди даврашаклеро мегузоштанд ва аз болои он ба таври салиб ришта мепечониданд, ки дар натича нақши ромбшакле дар рўйи лўхтак ба вуҷуд меомад.
Мўйи лўхтакро, одатан аз риштаи сиёҳ, торҳои ёли асп ва пашми чорпоён тайёр мекарданд. Лўхтакҳои нисбатан мураккаби бозингарро аз чўб, ресмон, матоъ месохтанд, ки ду дасташ аз китф бо ресмон пайванд шуда буд. Вакте, ки лўхтакро ба даст гирифта, ресмонро кашанд, дастҳои он болуву поин шуда, ба рақс медаромад.
Ба лўхтак куртаву пойчома, рўймол пўшонида ба гарданаш ҳамели мўҳра меовехтанд. Барои лўхтаки мардона, ки дар бозӣ бештар вазифаи домодро иҷро менамуд, ҷомаву сала ва миёнбанд таҳия мекарданд. Албатта, писарон низ навъи санъати ороишию амалии усули коркарди бадеии гилро омўхтанд.
Аз давраҳои қадим барои корбурди рўзгор чойник, пиёла ва дигар ашёҳоро аз гили пухта месохтанд ва ҳунари кулолгариву мисгарӣ миёни мардуми мо роиҷ буд.
Дар маҳфил ҳар касе аз рӯйи тасаввури худ чизе аз ҳунарҳои мардумӣ сохт ва ба дигарон онро нишон дод.