Бойгонии Шуъбаи матбуоти даврӣ дорои 1 миллиону 216 ҳазору 188 адад маҷаллаю рузномаҳои илмӣ-оммавӣ буда, ҳамарӯза ба даҳҳо нафар хизмат мерасонад. Хонандагон ҳамчунин имкон доранд бо 110 шумораи нусхаҳои электронии нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки бо ҳуруфи форсӣ бори аввал 11-уми марти соли 1912 нашр шудааст ва замимаи он “Тӯрон” ошно шаванд ва мутолиа намоянд. Гузинаи электрониинашрияҳои қадимиву имрӯз: “Роҳбари дониш”, “Шарқи сурх”, “Мактаби
Тоҷикистон ҷавононе дорад, ки баъди анҷоми таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ ба Ватан бармегарданд ва аз мубаллиғони бемисли фарҳангу тамаддуни миллати худ барои хориҷиён мешаванд. Ин афрод, ки замони таҳсил забонро дар сатҳи олӣ омӯхтаанд ва фарҳанги Ғарбу Шарқро мешиносанд, тарғиби дурдонаҳои фарҳанги миллати худро барои хориҷиён аз масъулияти инсонии худ медонанд.
Бо Далер Раҳимов замоне ошно шудем, ки саргарми мутолиа буд. Мегуфт чун довталаб аст ва аз роҳи дур ба нияти донишҷӯ шудан омадааст, зиёд мутолиа мекунад, то ба орзуяш расад. Хушбахтона, кам нестанд ҷавононе, ки аз ноҳияҳои дурдаст бо орзуву ҳавасҳои зиёд ба пойтахт меоянд ва талош мекунанд дар ҳамин шаҳр дари саодати донишҷӯ шуданро ба рӯи худ боз кунанд. Аммо ин кори осону содае нест. Бояд хеле мутолиа кард, то орзу амалӣ гардид. Ва Китобхонаи миллӣ ин гуна шароитҳои хубро дорад.
Далер Раҳимов, сокини шаҳри Конибодом, мегӯяд яке аз хонандагони фаъоли китобхонаи ба номи Абдураҳмони Ҷоми шаҳри Конибодом мебошад. Ў бори нахуст ба Китобхонаи миллӣ ташриф овардааст ва ҳангоми суҳбат чунин ибрози андеша намуд, ки «Ҳангоми дар синфи 8-ум таҳсил намуданам меҳрам ба китобхонӣ беандоза гардид.