Мубаллиғони фарҳанг ва забони тоҷикӣ
Нашр шуд 2018-07-19 16:52
Тоҷикистон ҷавононе дорад, ки баъди анҷоми таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ ба Ватан бармегарданд ва аз мубаллиғони бемисли фарҳангу тамаддуни миллати худ барои хориҷиён мешаванд. Ин афрод, ки замони таҳсил забонро дар сатҳи олӣ омӯхтаанд ва фарҳанги Ғарбу Шарқро мешиносанд, тарғиби дурдонаҳои фарҳанги миллати худро барои хориҷиён аз масъулияти инсонии худ медонанд. Онҳо хуб медонанд, ки барои ҷавонони хориҷӣ чиро бояд тарғиб кард, ки марғуб бошад. Яке аз онҳо Меҳроҷиддин Муҳиддинов мебошад.
Меҳроҷиддин Муҳиддинов яке аз ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолияти кишвар мебошад, ки дар баробари омўзиши забонҳои хориҷӣ кушиш ба харҷ медиҳад, то расму оин ва фарҳангу забони тоҷикиро ба хориҷиён омўзонад.
Ў хатмкардаи Донишгоҳи Миннесота (University of Minnesota) – и Амрико буда, айни замон дар Шӯрои Амрико оид ба маорифи байналмиллӣ дар шаҳри Душанбе кору фаъолият менамояд. Бо кушиши ин ҷавони фаъол санаи 06.07.2018 гурӯҳе аз ҷавонони Амрико, ки дар Шурои Амрико оид ба маорифи байналмиллӣ дар шаҳри Душанбе забони тоҷикиро меомӯзанд, аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Онҳо толорҳои хониши кўдакон ва наврасон, толори хониши адабиёти хориҷӣ ва марказҳои фарҳангии Олмон, Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ ва маркази фарҳангии Ҷумҳурии Халқии Чин дар Китобхонаи миллӣ фаъолият менамоянд, тамошо карданд, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно шуданд.
Донишҷӯёни амрикоӣ дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки боздидашон аз Китобхонаи миллӣ барояшон як ҷаҳон таассурот бахшид. Хеле хуш аз он шуданд, ки Китобхона толори вижаи адабиёти хориҷӣ дорад ва дар он дӯстдорони ададбиёти Ғарб бо забонҳои инглисиву олмонӣ ҳам метавонанд китоб мутолиа намоянд, бо фарҳангу ададбиёти ғарбиён ошно шаванд.
Моҳира Раҷабова,
Шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ