Ганчҳои озмун. Дилбар Тошматова, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон, аз ноҳияи Рӯдакӣ.
Нашр шуд 2020-12-14 14:32
Ӯ мегӯяд тибқи талаботи озмун бояд на камтар аз 30 роман бошад, аммо ман 70 роман хондам. Мувофиқи муқаррарот бояд ҳар як довталаб на кам аз 20 ҳикояву новелла мутолеа намояд. Аммо ҳикояҳову новеллаҳое, ки ман мутолиа кардам, ҳудудан ба 200 мерасанд
Шурӯъ аз моҳи апрел ман ба озмун омодагии хешро мебинам. Ҳанӯз аз даврони мактабхон буданам бештар ба адабиёти давлатҳои ғарб шавқу рағбат доштам. Бештар мехостам бо адабиёти давлатҳои пешрафтаи дунё хусусан, Аврупову Амрико ошноӣ дошта бошам. Ва маҳз ҳамон меҳр буд, ки маро ба номинаи “Аз ёд кардану хондани осори адибони ҷаҳон” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” овард. Ҳар боре, ки аз хондани китобҳои тиббӣ хусусан тайёр кардани дарсҳоям агар хаста шавам, рӯ меорам ба мутолиаи адабиёти нависандаҳои ҷаҳон. Зеро хондани асарҳои адибони ғарб бароям шуғли дӯстдошта асту ба ман оромиш мебахшад.
Дилбар мегӯяд, барои то ба зинаи ҷумҳуриявӣ омада расиданам саҳми волидонам дар ин самт назаррас аст. Зеро кӯшишу дастгирии онҳо буд, ки ман то ба ин зинаҳо омада расидам. Ва агар дар ин озмун ҷоеро ба даст ораму мукофотпулӣ бароям муяссар гардад, нахуст онро ба волидонам масраф хоҳам намуд.
Вақте ки аз Дилбар пурсон шудем, ки оё барои шумо душвор набуд ҳам таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ ва ҳам омодагӣ ба озмун, посух дод: “Агар инсон воқеан, чизеро сидқан хоҳаду ҷаҳду талош барои расидан ба он намояд, ба хостааш мерасад. Ман дар яке аз донишгоҳҳое таҳсил мекунам, ки воқеан душвор аст. Худи ҳамин рӯз саҳар ба ҷуфти якуми дарсҳо иштирок намуда, баъд ба озмун ҳозир шудам. Ва хушбахтона, аъзои ҳакамон баъди баромад намуданам изҳори хушҳолӣ намуданд. Ин суханони аъзои ҳакамон ба ман рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Комёбӣ насибаш!
Фарзонаи МИРЗО