Конфронси муштараки илмӣ-амалии “Нақши асарҳои илмӣ-оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди афкори ҷавонон” дар толори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Дар суханони муқаддамотии худ Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода мухтасар дар бораи ҳадафи ин нишаст ва зарурати омӯзиши асарҳои Пешвои миллат ҷиҳати рушди маънавии ҷавонон ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт, ки китобҳои Пешвои миллат танҳо аҳамияти таърихӣ надоранд, балки онҳо дорои аҳамияти тарбиявӣ мебошанд. Зеро омӯзиши таърих ин худ ибрат гирифтан аз гузашта аст.
Насимҷон Зарифов-унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар бораи “Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён” маърӯза кард. Вай гуфт, ки ин як китобест, ки танҳо таърих нест, балки нақл аз ифтихороти миллӣ аст. Ба гуфтаи ӯ Эмомалӣ Раҳмон бо навиштани ин китоби арзишманд хостааст руҳияи ифтихорӣ дар донишомӯзону ҷавонон аз таърихи халқашон боло равад. Маъхазҳое, ки дар таҳияи ин китоб истифода шудаанд, як бори дигар нишон медиҳанд, ки ин миллат аз қадим бо фарҳангу тамаддун ва ҷасорату мардонагӣ соҳибшуҳрат буд.
Мунира Бобоева – донишҷӯи факултаи менеҷменти молиявӣ ва инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бораи китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”, Сурайё Кабирова – донишҷӯи донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон роҷеъ ба “Ҷавонон созандагони фардои ҷомеа”, Фазилатмоҳ Саидова – донишҷӯи факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи китоби “Чеҳраҳои мондагор” суханронӣ намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин ҳамоиш ба Соли ҷавонон бахшида шуд