Мизи мудаввари «Оилаи солим рукни боэътимоди давлат»
Нашр шуд 2019-03-01 16:50
Дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Оилаи солим рукни боэътимоди давлат» баргузор гардид.
Мизи мудавварро муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова оғоз намуда, зикр кард, ки “оила рукни муҳими давлатдорӣ буда, барои инкишоф ва рушди миллат нақши асосӣ дорад. Инсон ҳамеша дар доираи оила буд ва мемонад. Рушду камоли ҳар ҷамъият аз сифат, тартибот, солимии оила ва наслҳои он вобастагӣ дорад. Бинобар ин, солимии оила кафолати рушди миллати солим аст. Яъне, ҳар фардро зарур аст, ки дар ҳаёт – махсусан рўзгори оилавӣ пеш аз ҳама ботамкину дурандеш ва бунёдкору мададгор бошад. Чунин хислатҳо на танҳо барои тарбияи дурусти фарзандон, балки ҳар фарди ҷомеа манфиатовар аст”.
Ҳамзамон, маърўзаҳои Манзура Саломова директори МД «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» таҳти унвони «Ҳаёт бидуни зӯроварӣ – зебост», баромади Мунира Иноятова– коршинос оид ба масъалаҳои маориф, сиёсат, идоракунии захираҳои инсонӣ гендер дар мавзуи «Зан ва меҳнат» ва маърузаи Абдуалим Норасов - мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди –«Бузургии занон дар фарҳанги Қуръон» шунида шуд.
Дар охир, суолу ҷавоб миёни иштирокчиён сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО