“Артиши миллӣ-сутуни истиқлол”
Нашр шуд 2019-02-22 17:22
Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ имрӯз қабл аз зӯҳр дар ошёнаи 9- уми толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, чорабинии идона бахшида ба Артиши миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ-сутуни истиқлол” доир гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов оғоз намуд.
Вай бо истифода аз фурсати муносиб дар бораи ҷавонӣ ва хизмати Ватан ҳарф зад ва гуфт, ки ҳифзи Ватан қарзи ҳар шаҳрванд аст ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ низ.
Гадобек Маҳмудов афзуд, ки мавҷудияти артиши миллӣ ин нишони соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии ҳар кишвар аст. Ин буд, ки пешвои миллати мо аз аввалин коре 26 сол пеш анҷом доданд, таъсиси Артиши миллӣ буд, ки имрӯз бо ифтихор аз он чун як артиши муназзаму пурқудрат ёд мекунем.
Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ-фароғатӣ буда, дастаи ҳунармандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери роҳбарии сарояндаи Халқии Тоҷикистон Моҳрухсор Набиева ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар поёни барнома ба сарбозону афсароне, ки дар ин маҳфили хотирмон ширкат доштанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Фарзонаи МИРЗО