Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб бахши Тоҷикистонии Ассотсиатсияи “Каритас”-и Олмон ба Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ 60 китоб (13 номгӯй) тақдим намуд. Ёвари маъмурии Ассотсиатсия Парвиз Каримзода дар ҳузури роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва ҷамъе аз хонандагони толори хониши маъюбон китобҳоро туҳфа кард.
Дар Рӯзи ҷаҳонии “Ҳадяи китоб” барои хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бештар аз 60 китоби нав тақдим шуд. Инҳо китобҳое буданд, ки ахиран муаллифон-адибони кӯдакнависи кишвар ба Китобхона тақдим карда буданд.
Сеюмин сол аст, ки Китобхонаи миллӣ низ “Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб”-ро таҷлил мекунад. Чун анъана дар ин рӯз асосан хонадагони хурдсоли китобхона соҳиби тӯҳфа мешаванд. Ҳамасола
Феҳиристу картотека дар китобхона ду вазифаи муҳимро иҷро мекунад: якум, ин дар шакли лахта инъикос намудани захираи китобхона, ки дар массиви пайвастаи тағйирёбии нашрҳо пешниҳод мешавад; дуюмӣ ин кушодани бисёрҷанбаю то ҳадди имкон пурраи мазмуни нашрҳои мушаххас. Яъне феҳрист осори мавҷударо яклухт
Субҳи дирӯз як гурӯҳ хурдтаракон, хонандагони синфи якуми гимназияи хусусии “Донишвар” ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон омаданд ва бо толори хониши кӯдакон ва наврасон ошно шуданд.
Мутасаддии шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ чун роҳбалади саёҳат кӯдаконро ба бахши бақайдгирӣ ошно намуд. Баъдан хурдтаракон раҳ пай намуданд ҷониби шуъбаи Кӯдакон ва наврасон.
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфт, ки тибқи он аз моҳи январ то моҳи декабр дар ҷумҳурӣ озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." дар чор давра баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд. Номгӯи асарҳои даҳҳо шоиру нависандагон пешниҳод мешавад. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.