Хонандагони «Донишвар» дар Китобхонаи миллӣ

  Субҳи дирӯз як гурӯҳ хурдтаракон, хонандагони синфи якуми гимназияи хусусии “Донишвар” ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон омаданд ва бо толори хониши кӯдакон ва наврасон ошно шуданд.

  Мутасаддии шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ чун роҳбалади саёҳат кӯдаконро ба бахши бақайдгирӣ ошно намуд. Баъдан хурдтаракон раҳ пай намуданд ҷониби шуъбаи Кӯдакон ва наврасон.

  Диққати атфолро бештар маҷаллаҳои ҷилоноки кӯдакона ва гӯшаи “Дастони моҳир”, ки маҳсули дастони аъзоёни фаъоли шуъба маҳсуб меёбад,  ҷалб намуд. Онҳо бо як кунҷковии хос ба ҳама китобҳои дар толор буда, дида духтанду онҳоро гирифта, як - як саҳифагардон намуданд.

  Толори кӯдакону наврасон дорои ҳама шароит аст. Агар бачаҳои синни хурди томактабӣ меоянд, метавонанд ҳатто зочабозӣ кунанд. Метавонанд дар компютерҳои толори хониш филмҳои хуби тасвирӣ тамошо кунанд ва ё сужаҳои китоберо бинанд.

 Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки хонандагони хурдсол бештар ба мутолиаи афсонаҳо мароқ доранд. Аз ин рӯ кормандони шуъба талош мекунанд рафҳои китобро бо ин гуна китобҳо бештар оро диҳанд.

Фарзонаи МИРЗО