Activities calendar

08 февраля 2019

Оё мехоҳед филми “Марги судхӯр”-ро дар Китобхона тамошо кунед?

 Филми «Марги судхӯр» яке аз муваффақиятҳои бузурги синемои тоҷик ба шумор меравад. Бо филми «Марги судхӯр» кинематографияи тоҷик бори дуввум ба эҷодиёти устод  Садриддин Айнӣ рӯй овард (бори аввал аз рӯи асари «Дохунда» соли 1956 филм ба навор гирифта шудааст, сенарияи И. Луковский, Т. Собиров, рассом Д. Илёбоев, бастакор З.Шаҳидӣ).

Офарандагон ҳангоми тайёр намудани сенария ва замони наворбардор манзараҳои Бухорои кӯҳна

 

Тақдими панҷ китоби тозанашри Вазорати маориф ва илм ба Китобхонаи миллӣ

   Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон панҷ китоби тозанашру арзишманд: «Риёз-уш- шуаро»-и Муҳаммадалӣ Волаи Доғистонӣ, (ҷилдҳои 1,2,3), «Маҷолис–ун нафоис»-и Алишери Навоӣ, «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Туҳфаи сомӣ»-и Соммирзои Сафавиро бо теъдоди 70 нусха тақдим намуд. Китобҳои мазкур бо сарсухани Вазири маориф ва илм, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор