Тақдими панҷ китоби тозанашри Вазорати маориф ва илм ба Китобхонаи миллӣ

   Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон панҷ китоби тозанашру арзишманд: «Риёз-уш- шуаро»-и Муҳаммадалӣ Волаи Доғистонӣ, (ҷилдҳои 1,2,3), «Маҷолис–ун нафоис»-и Алишери Навоӣ, «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Туҳфаи сомӣ»-и Соммирзои Сафавиро бо теъдоди 70 нусха тақдим намуд. Китобҳои мазкур бо сарсухани Вазири маориф ва илм, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нуриддин Саид аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфта, дастрасии аҳли илму адаби тоҷик ва умуман хонандагони сершумори фарҳангдӯстро ба ганҷинаи фарҳангу адаби ниёгон васеътар менамояд.

   «Риёз - уш - шуаро» - осори  Муҳаммадалӣ Волаи Доғистонӣ, шоири хушбаён ва тазкиранигори номиест, ки нимаи аввали ҳаёташ дар замони салтанати  шоҳони Сафавӣ дар шаҳри Исфаҳон ва Ҳинд сипарӣ гардидааст.

  «Риёз-уш- шуаро» аз ҷаҳор ҷилд иборат буда, муҳиқиқи он Муҳсин Ноҷии Насрободӣ, баргардонандаи матн ба хатти крили тоҷикӣ доктор Мисҳобиддини  Нарзиқул мебошад. Бояд гуфт китоби «Риёз-уш - шуаро» тазкираи умумӣ буда, ба шоирони порсигуйи аҳди қадим то замони муаллиф бахшида шудааст ва аз нигоҳи адабию таърихӣ, бахусус сарчашмашиносӣ аз аҳамияти адабию илмии бузурге бархурдор аст. Фикри ҷамъоварӣ ва тадвини тазкира ба зеҳни Вола дар Ҳиндустон пайдо шудааст. Ӯ, тавре, ки худ ишора менамояд, бо мақсади «шод кардани хотири афсурда ва ёди дӯстони сухангустар» ба ҷамъоварии байтҳои дилнишини шоирон тасмим гирифта, асари мазкурро иншо кардааст.  Ба қавли муҳиқиқ таълифи асар соли 1748  буда, шоир соли 1749 ба он баъзе матолиби дигаре илова кардааст.

 Ин маҷмуъа бори аввал  бо ҳуруфоти кирилии тоҷикӣ аз рӯи матни омодакарда  ва тасҳеҳу таҳқиқи Муҳсин Ноҷии Насрободӣ ба табъ расидааст ва китоби мазкур барои муҳақиқон, адабиётшиносон, аҳли маънӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёт ва ҷамъи дустдорони каломи воло пешниҳод мешавад.

«Маҷолис- ун нафоис» - и Алишери Навоӣ аз муҳимтарин маъхазҳои адабиёти аҳди Темуриён (асри XV) мебошад, ки ба забони турки чағатоӣ таълиф шуда, то имрӯз се маротиба ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума  шудааст.  Ба андешаи муҳақиқон хидмати Алишери Навоӣ дар муаррифӣ ва интишори адабиёти форсу тоҷик хеле бузург аст ва аз муҳимтарин хадамоти Мир Алишер дар интишори адабиёти форсизабони давр таълифи тазкираи «Маҷолис – ун- нафоис» мебошад.  Агарчи ин тазкира ба забони турки чағатоӣ навишта шудааст, вале асосан шоирони форсизабонро муаррифӣ менамояд. Дар ин тазкира  Алишер Навоӣ  дар бораи наздик ба 500  шоири форсизабону туркигӯ маълумот додаст, ки аксари онҳо дар асри XV зистаанд ва ин адибон парвардаи мактаби адабии Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мебошанд.

 «Лубобу –л- албоб» - такзираи Муҳаммад Авфии Бухороӣ нахустин тазкираи маҳфузмонда дар таърихи адабиёти халқи тоҷик дониста мешавад.  Ба қавли муҳақиқон асари мазкур хосса оид ба адибони асрҳои IX-XIII маълумоти нодир медиҳад, ки арзишҳои бунёди дорад. Зеро пас аз пошхӯрии давлати Сомониён, нобасомониҳои сиёсии минбаъда ва истилои хуношомони муғул ба тамоми савоҳии маънавӣ низ зарбаи муҳлиқ зада буд, маҳз дар чунин авзои мураккаби сиёсӣ-таърихӣ тазкираи Авфии Бухороӣ рӯйи кор омадааст, ки ин адабиётшиноси номдори тоҷик тавъам ба бисёр масоили назарияи адабиёти миллӣ ва нақди адабӣ, доир ба ҷараёни зиндагӣ, ному насаб, тахаллус ё исми адабии эҷодкорон, ки теъдоди онҳо дар «Лубобу- л- албоб»  сесад тан аст, маълумоти зарурӣ додаст.

«Калимот- уш - шуаро» асари шоир ва адиби маъруфи Ҳинд Муҳаммадафзали Сархуш буда, соли 1862 таълиф гардидааст ва аз ҷумлаи тазкираҳои муҳиму арзишманд  дониста шуда, дар баораи ҳаёти адабии Шибҳи қораи  Ҳинд дар асри XVII ва нимаи  авали асри XVIII, аҳволу осори суханварони он, танаввуъи равишҳо ва тамоюлҳои адабӣ, вазъи қолабҳои роиҷи шеър ва суннатҳои шеъру шоирии он замон маълумоти муфид ва мутаъмад медиҳад.  Ба андешаи муҳақиқон тазкираи «Калимот- уш-шуаро» аз лиҳози сохт ва муҳтаво дар пайравии  суннати тазкиранигории гузаштагон таълиф шуда,  дар маҷмуъ дар бораи 177 шоир маълумот дода шудааст, ки дар фосилаи замони подшоҳи Ҷаҳонгиршоҳ  то Оламгир дар Ҳинд зистаанд ё ба Ҳинд омадаанд.

 Дар маҷмуъ «Калимот- уш - шуаро»-и  Муҳаммадафзали Сархуш барои омӯхтани ҳаёти адабии Шибҳи қораи ҳинд, ҷузъиёти аҳволу осори намояндагони тавонони он аз қабили Мирзо Абдулқодири Бедил, Мирзо Муҳаммадалии Соиби Табрезӣ, Толиби омулӣ ва амсоли онҳо арзиши муҳими сарчашмавӣ дорад. Ҳамзамон  ба василаи «Калимот- уш - шуаро»-и  Муҳаммадафзали Сархуш  дар бораи равишҳо ва ҷараёнҳои  адабии замони муаллиф дар шибҳиқораи Ҳинд, вазъи жанрҳои адабӣ  ва мақоми жанрҳои алоҳида  дар эҷодиёти шоиронва ҷанбаҳои дигари ҳаёти адабии давр ошноӣ пайдо кардан мумкин аст.

«Туҳфаи сомӣ» тазкираи Абунаср Соммирзои Сафавӣ мебошад, ки дар нимаи асри XVI таълиф шудааст ва дар хусуси аҳволи шоирон, муносибати ҳамдигарии онҳо офаридаҳои адбии эшон,  доираҳои адабӣ ва робитаҳои адабӣ бо иттилооти басо ҷолибу дақиқи худ сарчашмаи  сарчашмаи муътамад буда, инчунин роҷеъ ба авзои сиёсии замон, муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ, урфу одатҳои мардум, маориф, тарзи тафаккуру  руҳу равони онҳо  ва ғайра низ маълумот медиҳад.

Тазкираи «Туҳфаи сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ аз ҷониби донишманд, устоди Донигоҳи миллии Тоҷикистон профессор Бадриддин Мақсудов бо хатти тоҷикӣ баргардон карда шудааст.

Марвид бар зикр аст, ки асарҳои мазкур барои мутахассисони соҳаи филология, адабиётшиносон, устодону толибилмони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кулли дӯстдорони каломи бадеъ пешниҳод мешавад. Хоҳишмандон имкон доранд дар кутоҳтарин фурсат китбҳои мазкурро аз толорҳои хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Барчаспҳо: