Раъно Насриддинова: Агар ирода набошад на истеъдод ба кор меояд, на устод
Ва агар ман ҷоизае гирам, ки қобили ёддошт бошад, дар деҳаи худ китобхонаи шахсӣ мекушоям. Китобҳоеро ҷамъ меоварам, ки ба ҳамдеҳагонамон дастрас нест. Кӯдаконро ҷамъ мекунам, дар онҷо маҳфилеро роҳандозӣ месозам, то онҳо мисли ман дар озмунҳои китобхонӣ иштирок кунанд.
Ин як пора аз суҳбат бо Раъно Насриддинова, ширкаткунанда ва шояд як аз муддаиёни шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бошад. Шахсе бо чунин орзуи созанда, ҳатман муваффақ аст. На танҳо дар ин ё он озмун, балки умуман дар зиндагӣ.
Тули чанд рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷиткистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ҷушу хурӯш ҷараён дорад. Ҳама чеҳраҳо хандон, самимӣ, дар роҳраву лифт ва толорҳо ҳамагӣ аз боби китобу китобхони баҳс доранд. Қариб як ҳафта аст, ки дарвозаҳои тиллоии Китобхонаи миллӣ барои китобхонони асилаш боз аст, онҳоро ба оғӯш гирифтааст. Дар рӯзи панҷуми озмун бо яке аз чеҳари ошно, китобхону китобдӯст, оне, ки аз чанд рӯзи охир аз баромади хубаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, Раъно Насриддинова хонандаи синфи 11-и МТМУ №28 деҳаи Сорӣ шаҳри Панҷекат суҳбат доштем, ки фишурдаи онро мавриди таваҷҷуҳатон қарор медиҳем.
- Раънобону баромад чигуна буд, худро назди доварон чигуна эҳсос кардед?
Раъно: Ҳар як иштирокчие, ки дар озмун ширкат мекунад, аз ҳаяаҷон, тарсу изтироб холӣ нест. Аммо ногуфта намонад озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як озмоишест, ки сад сол баргузор шавад ҳам соли аввал ба соли дувум соли дувум ба соли сеюм монанд нахоҳад шуд. Ман соли гузашта низ иштирок доштам, вале имсол ҳаяҷонаш зиёдтар аст, тарсаш афзӯнтар аст, зеро аъзои ҳакамон серталабанд. Масалан, номинаи адабиёти ҷаҳон соли аввал талаботи мушаххас надошт. Аммо имсол рақамҳои мушаххасе ҳастанд, ки аз мо дақиқият талаб мекунад. Вақте ман назди ҳакамон баромадам тасавур кардам, ки як сарлашкаре ҳастам ва ҳар он чизе, ки ман ҷавоб мегӯям, тақдири ҳамон лашкарамро ҳал мекунад. Албата, лашкари ман ҳамон ноҳияаам, хонаводаам, вилояти азизам аст, ки дар пушти ман аст ва ман бояд онро муаррифӣ кунам.
Суолҳо чигуна буд?
Раъно: Тамоми суолҳое, ки аз ҷониби аъзои ҳакамон шуд, дар доираи он чизе буд, ки ман хонда будам. Дар доираи он, ки як иштирокчии номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон бояд донад. Ногуфта намонад, ки имсол доварон ҳангоми пурсиш оғоз мекунанд аз адабиёти рус, мегузаранд ба адабиёти Ғарб, аз он ҷо мегузаранд ба адбиёти Амрико, мебиёянд ба Шарқи дур, меравем ба минтақаи Қафқоз, нимҷазираи Арабистон, Австрия, Амрикои ҷанубӣ ва ғайра. Умуман ҳар нафаре, ки адабиёти ҷаҳонро хуб мехонад ҷаҳонро давр мезанад.
Буданд саволҳое, ки Шумо посух наёфтед, ё шояд фаромӯш кардед он лаҳзаи асарро?
Раъно: Ҳар касе, ки мегӯяд ҳамачизро медонам, хато мекунад. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирокчие, нест, ки аъзои ҳакамонро пурра сад фоиз қонеъ гардонад. Ҳар саволе, ки аз аъзои ҳакамон шуд, шояд дар ҷараёни суҳбатҳои дароз саволеро ҷавоб надода бошам, ки ин албата камбудии ман аст. Аммо то ҷое, ки ман мушоҳида кардам ва аз рафти суҳбаташон низ эҳсос мешуд, аъзои ҳакамон то ҷое розӣ ё хурсанд буданд.
Бовар доред, ки барои муброиза ва сазовор шудан ба шоҳҷоиза роҳхат мегиред. Зеро талабот ҳамин гуна аст, ки то мақоми аввалро аз номинатсияи интихобкарда сазовор нашавӣ ба даври шоҳҷоиза роҳ нахоҳӣ ёфт?
Раъно: Муҳаммади Ҳиҷозӣ мегӯяд барои мувафақият се зина ҳаст: якум истеъдод, дуюм устод ва сеюм ирода. Агар ирода набошад на истеъдод ба кор меояд, на устод. Барои ҳамин ман ба худ бовар дорам. Ҳамин бовари маро то даври ниҳои овард. Ба дониши худ, ба он чизе, ки хондаам боварии комил дорам.
То инҷониб чанд китоб мутолиа намудед?
Раъно: Аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳои озмун шуморам, шояд бештар аз 700 ё 800 асар бошад. Ин ҳамон асраҳоест, ки ман онҳоро дӯст медорам. Аз 58 нафар адибе, ки дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон тавсия шудааст, ду нафарашро ном бурдан мумкин аст, ки ман шояд аз онҳо якасарӣ мутолиа кардам. Дигар аз тамомашон аз 10 ва 12 асар мутолиа кардам ва рӯйхати адабиёте, ки ман дар ин номина пешниҳод кардам, бештар аз 300 асари адибони ҷаҳонро фаро мегирад.
Соли гузашта замоне, ки Шумо дар номинатсияи адабиёти бачагона ширкат доштед, доварон хеле хурсанд буданд. Махсусан аз он санъати баёне, ки ҳангоми хондани қисаву афсона доштед. Ёд дорам ба Шумо аз телевизионҳо низ пешниҳоди ҳамкорӣ дарёфт будед. Пас чаро имсол номинатсияи бачагонаро интихоб накардед? Шояд онҷо шонси мувафақияти бештар доштед.
Раъно: Ман таҳқиқ кардани асарро дӯст медорам, ки дар адабиёти кӯдакона ин номумкин аст. Дигар ин, ки ман соли дуюм аст ширкат мекунам ва таҷрибаам зиёд аст. Бигузор дар он номина кӯдакчаҳои ширинкаломе, ки бо ҳазорон орзу омадаанд, иштирок ва муваффақ гарданд. Ростӣ ба ин номинатсия нарафтани ман эҳтироми заҳмати хурдсолоне буд, ки дар ин озмун ширкат доранд. Мо то ҷое ба синну сол бузуртар шудаем, таҷрибаи мо барои ширкат дар дигар номинаҳо мерасад. Агар имсол дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон ё шоҳҷоиза мувафақ гардам, албата бо қироати шеъре, қиссае ё афсонае Шуморо хушҳол хоҳам кард.
Дар мавриди муваффақият гуфтед. Раваду Шумо сазовори ҷои ифтихорӣ гардед яъне сазовори мукофотпулӣ, нақшаи Шумо чист?
Раъно: Деҳаи ман як деҳаи дурдаст аст, дар он китобхонае, нест, ки кӯдакон ба китобхонӣ машғул шаванд. Ва агар ман ҷоизае гирам, ки қобили ёддошт бошад, дар деҳаи худ китобхонаи шахсӣ мекушоям. Китобҳоеро ҷамъ меоварам, ки ба ҳамдеҳагонамон дастрас нест. Кӯдаконро ҷамъ мекунам, дар онҷо маҳфилеро роҳандозӣ месозам, то онҳо мисли ман дар озмунҳои китобхонӣ иштирок кунанд.
То хотимаи таҳсил дар мактаби миёна чанд моҳи дигар боқӣ мондааст. Оянда чӣ нақша доред таҳсилро дар кадом соҳа идома додан мехоҳед?
Раъно: Гумон мекунам ҳар касе ба ин озмун меояд филолог аст. Ман низ нақша дорам ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар факулатаи филология таҳсиламро идома диҳам. Албатта, нақшаҳои зиёди эъҷодӣ низ дорам.
Бо умеди пирӯзӣ ва амалӣ намудани ниятҳои нек ба Шумо муваффақият мехоҳем.
Раъно: Саломат бошед!
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.