Рӯзи нуҳум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷараён дорад. Дар рӯзи нахустини озмун намояндагони вилояти Бадахшон, дар рӯзи дуюм сеюм довталабони вилояти Суғд, рӯзҳои чорум панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рӯзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе баромад доранд. Ба андешаи аъзои ҳакамон довталабони шаҳри Душанбе бо забондонияшон аз дигар иштирокчиёни озмун фарқ мекунанд. Аз ҷумла Муртазо Зайниддинзода раиси аъзои ҳакамон дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон гуфт, як хонандаи синфи 8-ум аз шаҳри Душанбе иштирок кард, ки мавсуф донандаи чор забон аст, нутқи бурро дорад, озодона аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунад, ҳатто ин довталаб намунаи китоби тарҷума намудаашро ба ҳакамон пешниҳод кард. Ҳамин гуна чанд нафари дигарро дидем, ки ровиёни хуб ҳастанд, ҳам бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шеърро бисёр хуб қироат мекунанд, вале ин маънои онро надорад, ки донандаи забонҳои хориҷӣ дар дигар шаҳру навоҳи нестанд ҳастанд мо бисёр вохӯрдем вале шумораи донандаи забонҳои хориҷӣ миёни довталабони шаҳри Душанбе зиёд ба назар мерасад- гуфт М. Зайниддинзода. Аз мушкилу камбудиҳо пурсон шудем, дар шарҳи ин савол Муртазо Зайниддинзода гуфт: бархе довталабоне буданд, ки одитарин талаботи низмономаро намедонистанд, ҳатто китобҳоеро дар рӯйхаташон ҷой додаанд, ки ба номинатсияи адабиёти ҷаҳон дахл надорад. Дастраси надоштани довталабон ба адабиётҳои тавсияшудани озмун аз дигар мушкилиҳое мебошад, ки сол то сол ин вазъ беҳтар мешавад. Ӯ гуфт мутаасифона, на ҳама китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бо адабиёти лозима таъмин мебошанд, ки кори довталабонро то ҷое мушкил кардааст. Ҳастанд довталабоне, ки китобҳои нодирро мутолиа кардаанд, вақте мо мепурсем ин китобро чигуна пайдо кардӣ ва бо кадом забон мутолиа намудӣ онҳо мегӯянд аз шабакаи ҷаҳонии интирент дастрас кардаанд ва аксаран бо забонҳои асл китобро мутолиа кардаанд.
Сарвиноз Саидова намояндаи шаҳри Душанбе мебошад ва ӯ донишҷӯи соли сеюми факулати забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Мавсуф соли дуюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад ва бо таёриии ҷиддӣ омадааст, ният дорад аз озмуни имсола бидуни ҷоиза барнагардад. Зимни суҳбат бо мо гуфт тавонист дар баробари саволҳои аъзои ҳакамон посух гӯяд, вале аз камбудияш низ гуфт. Ӯ ки дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик ширкат дошт, мегӯяд дар рӯйхати осораш китобҳои адибони камшинихт ба мисли Салими Теҳронӣ, Ҷаҳон Маликхотун ва ғайраҳоро ҷой додааст, ки ҳангоми пурсиши доварон намояндагони кадом аср будани адибони мазкурро надонистааст, зеро аз онҳо чандон шинохти хуб надорад ва танҳо чанд ғазали онҳоро аз худ кардааст.
Сарвиноз Саидова мегӯяд аз ашъор бештар аз 4300 байт, 114 асар, 422 ғазал ва 500 рубою дубайтӣ, чандин қасоиду достонҳоро аз худ кардааст, ки талаботи низмономаи озмунро пурра қонеъ мегардонад.
Бояд гуфт ҳадафи асосии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи тақвими муйаянгардида, имрӯз рӯзи охири озмун мебошад. Ба итилоъи масъулон пас аз натиҷагирӣ ғолибон муаян ва бо ҷоизаҳои муқарар гаридад қадр хоҳан шуд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи матбуоти даврӣ.